Танини нидои “Ваҳдати исломӣ” дар Соҳили Оҷ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i9133-Танини_нидои_Ваҳдати_исломӣ_дар_Соҳили_Оҷ
Нахустин ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Соҳили Оҷ бо ҳузур устодон, донишҷуён ва талабаҳои улуми исломӣ дар Обидҷон-пойтахти ин кишвар баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 05, 2016 14:52 Asia/Dushanbe
  • Танини нидои “Ваҳдати исломӣ” дар Соҳили Оҷ

Нахустин ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Соҳили Оҷ бо ҳузур устодон, донишҷуён ва талабаҳои улуми исломӣ дар Обидҷон-пойтахти ин кишвар баргузор шуд.

Нахустин ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” ба ибтикори сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ҳамкории Маҷмааи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ва ҷомеатул Мустафо ал Олмия баргузор ва суханрононе аз Эрон ва Соҳили Оҷ бо таъкид бар мафоҳими арзишманди нуҳуфта дар оёти Қуръон ва ривояот, бар лузуми ҳифз ваҳдат ва инсиҷом миёни гурӯҳҳои мухталифи исломӣ таъкид карданд.

Мансури Шакибмеҳр, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Соҳили Оҷ, бо баёни фарозҳое аз тавсияҳои ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, дар таъкид бар нуқоти иштирок ва иҷтиноб аз ихтилоф ва душманӣ дар миёни мусулмонон, изҳор кард, Эронисломӣ ҳамвора мунодии ваҳдат миёни мусулмонон будааст.

Вай ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, баргузории ин ҳамоиш ба унвони гоме муҳим дар масири иттиҳоди исломӣ ва ваҳдати ҷаҳони Ислом, мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирад.

 Муҳаммадҳусайни Воситӣ, узви ҳайати эъзомии Маҷмааи ҷаҳони тақриби мазоҳиб, низ дар суханоне аз уламо ва пешвоёни динӣ хост, ки дини Исломро ба шакли дуруст барои мусулмонон тафсир ва табйин кунанд, то бадфаҳмӣ ва каҷфаҳмӣ аз дин, мӯҷиби бурузи ихтилофот байни ҷомеаи мусулмонон нашавад.

Шайх Шариф Умар Абдулазиз, андешаманди динии Соҳили Оҷи ҳозир дар ин маросим низ дар суханоне масъалаи ваҳдати исломиро танҳо роҳи расидан ба Худо донист ва бар зарурати “эҳтиром” ба унвони асли ваҳдат таъкид кард. Соҳили Оҷ кишваре дар ғарби Африқо бо ҷамъияте ҳудуди 24 миллион нафар аст, ки ҳудуди 42 дарсад аз он, аз қавми "Окон" ва бақия аз чандин қавми дигар ҳастанд, 39 дарсад аз мардуми ин кишвар мусулмон ва 33 дарсад масеҳӣ ҳастанд.