Сентябр 15, 2022 17:23 Asia/Dushanbe
  • Куштан бо нитроген равиши ҷадиди эъдом дар Амрико
    Куштан бо нитроген равиши ҷадиди эъдом дар Амрико

Дар аёлати Алобамаи Амрико эҳтимолан ба зуди барои нахустин бор равиши ҷадид аз эъдом истифода хоҳад шуд.

Шабакаи Си Би Си Канада гузори дод аёлати Алобамаи Амрико ба як қози федероли ин кишвар иттилоъ дода аст, ки ин Аёлат омодаи бакоргирии равиши ҷадид ва озмоишнашуда барои афроди маҳкум ба эъдом аст, ки ба он "куштан бо нитроген" мегуянд.

Ҷейс Ҳоутс, муъовини Додситони кулли ин Аёлат дар ин бора гуфт: Ин равшиди эъдом эҳтимолан то ҳафтаи оянда иҷроӣ мешавад, аммо тасмими ниҳоӣ дар хусуси замони бакоргирии ин равиши ҷадид вобаста ба камисари ислоҳоти Аёлати Алобайма дорад.

Дар сурате, ки ин равшиди эъдом иҷрои шавад барои нахустин бор дар Амрико хоҳад буд, ки як Аёлат эъдом ба равиши куштан бо нитрогенро барои маҳкумини ба эъдом иҷроӣ мекунад.

Бо ин ҳол дар соли 2018 Аёлати Алобама пас аз Оклахома ва Миссисипи, Сомин Аёлати шуд, ки истифода аз равиши озмоишнашудаи гази нитрогенро барои зиндониёни эъдоми муҷоз эълом кард.

Дар ҳоли ҳозир эъдом бо сандлии электрики ва тазриқи модаи маргбор аз роиҷтарин равишҳои эъдом дар Амрико маҳсуб мешавад.