Сентябр 20, 2022 12:16 Asia/Dushanbe
  • 17-уми сентябр (26 шаҳривар) дар солномаи эронӣ, ба унвони рӯзи Шаҳриёр номгузори шудааст
    17-уми сентябр (26 шаҳривар) дар солномаи эронӣ, ба унвони рӯзи Шаҳриёр номгузори шудааст

Маросими рӯзи шеъру адаби форсӣ ва бузургдошти устод Шаҳриёр (шоъири эронӣ) дар Сараево баргузор шуд.

Сайид Муҳаммадҳусайни Беҳҷати Табрезӣ мутахалис ба Шаҳриёр соли 1283 ҳиҷрии шамсӣ дар шаҳри Табрез чашм ба ҷаҳон кушуд.

17-уми сентябр (26 шаҳривар) дар солномаи эронӣ, ба унвони рӯзи Шаҳриёр номгузори шудааст.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон, ба муносибати рӯзи шеъру адаби форсӣ ва бузургдошти устод Шаҳриёр, ки имсол бо Арбаини ҳусайнӣ мусодиф шуда буд, нишасте ба унвони ҷанбаҳои муъосири адабиёти мазҳабӣ ва динӣ ба мизбонии ройзании фарҳангии Ҷуиҳурии Исломии Эрон дар голерии Фарҳодия дар Сараево баргузор шуд.

Муҳамадҳусайни Ансорӣ  ройзании фарҳанги Ҷумҳӯрии исломии Эррон дар ин маросим гуфт: Шуҳрати Шаҳриёри табрезӣ ба хотири сурудани ғазалиёти бисёр зебои ошиқона ва ҳамчунин ашъори мондгор бо муҳтавои ирфонӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Ансорӣ афзӯд: Сурудаҳои динӣ ва мазҳабии Шаҳриёр аз беҳтарин намунаи шеъри муъосири Эрон аст, ки бисёре аз мардум ашъори ӯро замзама мекунанд ва манбаъи тавлиди бисёри аз осори ҳунари будааст. 

Суханрони меҳмони ин маросим, Мубино Мокер пажуҳишгари бартари ҷашнвораи Форобӣ буд.

Вай дар хусуси устод Шаҳриёр гуфт: Шаҳриёр шеъраш илҳом гирифта аз имону  ислом ва ишқ ба ҳазрати Алӣ (а) аст.

 

Барчасп