Октябр 04, 2022 19:57 Asia/Dushanbe
  • Месси ҳамчунон беҳтарин муҳоҷими футболи Аврупо
    Месси ҳамчунон беҳтарин муҳоҷими футболи Аврупо

Лионел Месси дар ин фасл аз ҳайси омори ҳамчунон беҳтарини муҳоҷимони футболи Аврупо аст.

Багузориши ИРНА Лионел Месси пас аз як фасли заиф арзиши худро дар PSG нишон дод ва дар ин фасл дурахшиши хуби дар тимаш дошта аст.

Месси фасли ҷориро бо сабти чандин гол ва посигол оғоз карда аст ва яке аз аркони аслии Порисижерман аст.Омори ин бозикуни аргентини болотар аз дигар бозикунони матраҳ монанди Эрлинг Ҳоланд ва Килиан Мбаппе аст.

Месси дар бошгоҳ ва тими миллӣ 10 гол ва 8 посигол ба сабт расонда аст ва тавнист дурахшиши хуби пеш аз Ҷоми Ҷаҳони дошта бошад. Бо омадани Кристоф Галтиер равиши бозии тимитари дар Порисижерман мушоҳида шуд, ки беҳбуди нуқоти қуввати Месси анҷомид.

Ситораи пешини Барселона дар маҷмуъ 5.25 мавқеъияти хатарнок дар ҳар бози эҷод мекунад ин омор шомили голҳо посиголҳо аст, ки таъсири мустақими бар натиҷа доранд.

Аз инру Месси аз дигар бозикунони матраҳи Аврупо пеши мегирад, агарчи Ҳоланд то инҷои фасл бо 17 гол ва 3 посигол ситораи асли аст, аммо таъсири у дар голҳои дигари Манчестрсити ночиз аст.

Месси дар 35 солагӣ ҳамчунон собит мекунад, ки ҳануз сухани аввалродар футболи Аврупо мезанад.