Декабр 08, 2016 15:36 Asia/Dushanbe
  • Дидори Ҷон Керрӣ бо вазирони умури хориҷаи  С5+1

Вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи ҳафтуми декабр бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидор кард.

Ба гузориши сойти Авесто, ин дидор ба ибтикори Ҷон Керрӣ дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар қолаби гурӯҳи C5+1 ва дар ҳошияи 23-умин Иҷлоси Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкори Аврупо баргузор шуд.

Ба навиштаи манбаъ, “зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба роҳҳои беҳтари баҳрабардорӣ аз абзорҳои С5+1, инчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд”.

Гурӯҳи C5+1 муташаккил аз кишварҳои Амрико, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар сентябри 2015 ва пас аз дидор Ҷон Керрӣ бо ҳамтоён худ аз Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк, таъсис шуд.

Бори аввал вазирони хориҷаи шаш кишвар дар формати “С5+1 “моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанди Узбакистон дидору гуфтугӯ карда буданд.

Дидори дуввуми  C5+1 низ моҳи августи 2016 дар Вашингтони Амрико баргузор шуд.