Идомаи маҳдудиятҳо алайҳи диндорон дар ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Thu, 08 Dec 2016 15:36:29 GMT )
Декабр 08, 2016 20:36 Asia/Dushanbe
  • Идомаи маҳдудиятҳо алайҳи диндорон дар ҷумҳурии Озарбойҷон

Сиёсати муқобила бо муъминон ва ақшори диндор дар ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунон идома дорад.

Дар ин замина Мубориз Қурбонли, раиси Кумитаи давлатии умури динии ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, намоз хондан дар донишгоҳҳо ва идороти давлатӣ мамнуъ аст.

Вай афзуд, дар ҷумҳурии Озарбойҷон як давлати лоик ҳоким аст ва ба ҳамин далел наметавон дар муассисоти давлатӣ ва марокизи омӯзиши олӣ намоз хонд. Мубориз Қурбонли дар дидори донишҷуёни Донишгоҳи давлатии нафту санъати ҷумҳурии Озарбойҷон дар Боку таъкид кард, яке аз панҷ асли муҳими Ислом намоз хондан аст, аммо дар муассисоти давлатӣ ва муассисоти омӯзиши олӣ наметавон ойини динӣ иҷро кард. Пеш аз ин низ, масъулони Кумитаи давлатии умури дини ҷумҳурии Озарбойҷон намоз хондан ва гирифтани рӯза дар артиш ва марокизи илмӣ ва омӯзиширо мамнуъ эълом карда буданд. Аз ҷамъияти даҳ миллион нафарии ҷумҳурии Озарбойҷон беш аз 98 дарсад мусулмон ҳастанд. Дар ҳақиқат, мамнуъ кардани иҷрои аҳкоми дини мубини Ислом дар як кишвари мусулмон, эҷоди маҳдудият ва дар тангно қарор додани муъминон аст. Бо вуҷуди эҷоди маҳдудиятҳо алайҳи мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон, мақомҳои давлати Боку барои ду дарсади ҷамъияти ғайримусулмон дар ин кишвар ҳама навъ озодии фаъолият қоил шудаанд. Бо мурур ба вазъияти фаъолиятҳои адён ва фирқаҳои гумроҳ мушаххас мешавад, ки ҳатто фирқаҳои золае назири ваҳҳобият , баҳоият, оташпарастон ва кришноҳо низ дар муқоиса бо мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон аз озодии амали бештаре бархурдоранд. Давлати Боку ин гуна озодиҳоро иҷрои сиёсати сабру таҳаммули динӣ мехонад ва дар бархе маворид таъкид мекунад, давлатҳои аврупоӣ, ки мудом ҷумҳурии Озарбойҷонро ба нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ ва маданӣ муттаҳам мекунанд, дар ин замина аз ҳокимияти Боку улгӯбардорӣ кунанд. Рафтори давлати Боку бо диндорони ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоле аст, ки бисёре аз давлатҳои лоик дар ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои ғайриисломӣ, маҳдудиятҳои ҷорӣ дар ин кишвари мусулмонро надоранд.

Мақомҳои озарӣ, аз ҷумла раиси Кумитаи давлатии умури дини ҷумҳурии Озарбойҷон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Боку 132 масҷид вуҷуд дорад ва ҳар шахсе метавонад ба масҷид биравад ва намоз бихонад. Дини Ислом барои ҳар инсоне шароити лозимро фароҳам мекунад. Ба унвони мисол, агар дар замони таҳсил барои хондани намози зуҳр мушкил эҷод шавад, метавон қазои намозро ба ҷой овард ва ҳеҷ кас ба хотири ин амр дучори гуноҳ намешавад. Ин истидлол аз сӯйи мақомҳои озарӣ натанҳо мантиқӣ ва усулӣ арзёби намешавад, балки сарфан “роҳе барои фирор аз иҷрои аҳкоми динӣ” аст. Табиист, ки бо ин равиш касе наметавонад худро мусулмон хитоб кунад. Дар воқеъ, исрор бар анҷоми қазои воҷиботи дини мубини Ислом, аз ҷумла намоз хондан ва рӯза гирифтан аз сӯйи давлати Боку таъкид бар анҷом надодани ин умур аст.

 Маҳдудиятҳои мақомҳои озарӣ алайҳи ақшори диндор дар ҷумҳурии Озарбойҷон сарфан ба умури ҷорӣ марбут намешавад. Мақомҳои озарӣ ҳама саъйи худро ба кор гирифтаанд то илова бар маҳдудияти фаъолиятҳои динии фардӣ ва ҷамъӣ, бо муъминони озарӣ ба сурати фардӣ низ муқобила кунанд. Ба унвони мисол, додситони додгоҳи ҷурмҳои сангини Боку хостори судури ҳукми 12 соли зиндон барои Ҳоҷи Элшан Мустафоуғлу, яке аз коршиносони улуми исломии ин кишвар шудааст. Додгоҳи ҷурмҳои сангини Боку вайро ба ҷосусӣ барои Эрон муттаҳам кардааст. Элшан Мустафоуғлу аз коркунони пешини идораи рӯҳонияти мусулмонони Қафқоз аст. Мушаххас нест, ки чаро мақомҳои озарӣ тамоми муъмининро ба баҳонаҳои беасос зиндонӣ мекунанд? Дар ҳоле, ки ба ҳеҷ кадом аз ин афрод иттиҳомоташон фаҳмонида нашудааст ва дар бисёре маворид ҳатто иттиҳомҳои худро напазируфтаанд. Бо вуҷуди ин маҳдудитҳо бояд гуфт, мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон, ба вижа ҷавонон ва навҷавонони озарӣ ба самти дини мубини Ислом гароиши зиёде аз худ нишон медиҳанд ва баид аст, ки маҳдудиятҳо ва тангноҳои ҷорӣ аз боварҳои ин ҷамъияти азим бикоҳад.