Дипломати Русия: Дидгоҳҳои Боррел омили ихтилофи тулони дар Аврупо аст
Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия гуфт: Дидгоҳҳое, ки масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар байни кишварҳои ин иттиҳодия илқо кард боиси ихтилофи ҷадид ва тулони дар Аврупо шуда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мария Захарова бо ишора ба пешниҳоди шаш бандаии Хосеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар бораи руйкарди муштараки ин иттиҳодия дар робита бо Русия ва дар буҳбуҳаи ҷанги Украина эълом кард назаряҳое, ки Боррел дар миёни кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо мунташир мекунад монанди гузашта ишора ба нигариши роҳбурдии ин иттиҳодияи дар қиболи Русия надорад ва танҳо бошиси ихтилофи ҷадид ва баландмуддат дар Аврупо мешавад.
Мария Захарова афзуд: Пешниҳодҳои Боррел ҳеҷ дастуруламалеро барои ҳалли мушкилоти анбошта шуда ироа намедиҳанд.
Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия ба изҳороти ҷангталабонаи Боррел ва изҳороти нажодпарастонааш дар бораи ин ки Аврупо боғ аст ва бақияи ҷаҳон ҷангал низ ишора кард.