Пешниҳод барои озмоиши заволи ақли раисиҷумҳури Амрико
(last modified Sat, 21 Jan 2023 15:41:23 GMT )
Январ 21, 2023 20:41 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳод барои озмоиши заволи ақли раисиҷумҳури Амрико

Ду муҷрии як барномаи радиои субҳгоҳӣ дар хусуси хатоҳои мутааддиди Ҷо Байден, пешниҳоди арзёбии зеҳнии вайро матраҳ карданд.

Раисиҷумҳури 80 солаи Иёлоти Муттаҳида, ки пиртарин раисиҷумҳури таърихи Амрико маҳсуб мешавад, дар аксари маворид дар ҳини суханронӣ хато мекунад ва мухолифону мунтақидони вай, куҳулати сину заволи ақли Байденро далели ин хатоҳо медонанд.

Муҷриёни як барномаи радиоии (The Breakfast Club) истидлол карданд, ки Байден дар ҳол аз даст додани кантроли худ бар воқеият аст ва бояд ба унвони раисиҷумҳури як давраӣ бознишаста шавад.

Муҷрии ин барнома пешниҳод кард, ки Байден қабл аз ҳаргуна эъломи номзадӣ барои интихоби муҷаддад, озмоиши заволи ақл бидиҳад, пешниҳоде, ки мунҷар ба хандаи муҷрии дигари ин барнома шуд.

Сипас ин ду муҷрӣ бо ёдоварии суҳбат кардани Байден бо шахси хаёлӣ, рафторҳои Байденро аҳмақона тавсиф карданд.

Муҷриёни ин барномаи радиоӣ эҳтимолан ба моҷарои сентябр ишора дорад, замоне, ки Байден як моҳ пас аз кушта шудани Ҷеки Валорски, намояндаи ҷумҳурихоҳ дар як тасодуфи автомобил, дар меҳмонии Кохи Сафед суроғи ӯро мегирифт.

Муҷриёни барномаи субҳгоҳии радиоии (The Breakfast Club), ин рафторҳои Байденро алоими аввалияи заволи ақл хонданд ва дар ниҳоят таъкид карданд, ки вай бояд пеш аз номзадӣ барои тасаддии дубораи болотарин мақоми давлати Амрико мавриди арзёбии зеҳнӣ қаро гирад.