Тафсир/Интиқоди шадиди Чин аз Амрико
Раисиҷумҳури Чин тайи суханоне дар нишасти солонаи Ҳизби ҳокими коммунисти ин кишвар шадидан ба Амрико ҳамла кард ва гуфт: Вашингтон дар ҳоли раҳбарии «маҳор, муҳосира ва саркӯб»-и Чин аст.
Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, ки қарор аст ба зуддӣ сеюмин давраи раёсатҷумҳурии худро оғоз кунад, афзуд: Пекин бо чолишҳои ҷиддии бесобиқа аз ҷониби Ғарб рӯбарӯст. Ба гуфтаи вай тайи панҷсоли гузашта, рафтори ҷадиде аз мавонеъ ва мушкилот алайҳи Чин тавассути Ғарб ба кор гирифта шуда то рушди иқтисодии ин кишвар коҳиш ёбад.
Сиёсатҳои Амрико зидди Чин аз давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп дар абъоди мухталиф шиддат гирифт. Албатта аз давраи раёсатҷумҳурии Барак Обама сиёсатҳои Амрико бар маҳор ва муҳосираи Чин маътуф шуд ва Амрико бо гусели нирӯҳои худ ба минтақаи шарқи Осиё бахусус дар ҳавзаи дарёӣ муҳосираи сарзаминии Чинро калид зад. Аммо Трамп бо эъмоли таҳримҳои иқтисодӣ бар зидди Чин амалан ҷанги тиҷорӣ бо ин кишварро оғоз кард.
Мӯҳсини Рӯйсифат, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд:" ду дидгоҳ дар Амрико дар мавриди Чин вуҷуд дорад як дидгоҳ Чинро кишваре медонад, ки агар маҳор нашавад ҳежмунии ҷаҳонии Амрикоро ба таври ҷиддӣ ба мухотира хоҳад андохт аз инрӯ бар маҳори Чин таъкид дорад, дидгоҳи дувум бар мушорикати роҳбурдӣ бо Чин ба унвони рақиб таъкид дорад, аммо ба назар мерасад назари аввал сиёсати эъмоли Амрико зидди Пекин аст."
Аз инрӯ, раисиҷумҳури Чин дар ҷамъи намояндагони Конгресси Ҳизби коммунист таъкид кард, ин кишвар бояд ҷуръати муборизаро дошта бошад чаро, ки бо тағйироти асосӣ ва печидае дар чашмандози дохилӣ ва байналмилалӣ рӯбарӯст. Ин ба-дон маъно аст, ки аз дидгоҳи Чин, Амрико дар ҳоли убур аз хатти қирмизҳои Пекин ба хусус дар иртибот бо Тайван аст, ки ахиран вазири умури хориҷаи Чин низ дар ин маврид ба Амрико ҳушдор дод.
Амрико аз се аҳрум ҷазираи Тайван, ҳуқуқи башар ва таҳримҳои тиҷорӣ бар зидди Чин истифода мекунад, ки дар ин миён масъалаи Тайван ба лиҳози сарзаминӣ барои Чин бисёр бо аҳамият аст.
Баҳроми Ҷоҳид, коршиноси масоили байналмилалӣ дар ин бора мегӯяд: "инки аз аҳдофи Амрико аз эъмоли фишорҳои музоаф бар Чин водор кардани он барои вуруд ба арсаи рақобатҳои таслиҳотӣ аст то ин кишварро низ ба сарнавишти Шӯравӣ дучор кунад, ки дар рақобатҳои таслиҳотӣ арсаро ба Амрико вогузар кард. Ҳарчанд Чин дар амал нишон додааст дар бозӣ Амрико бисёр ҳушмандона бозӣ мекунад."
Дар ҳар ҳол, изҳори назари Си Ҷинпин дар Конгресси Ҳизби коммунист мабни бар ин, ки Чин ба унвони як миллати бузург 1/4 миллиарднафарӣ бояд бар худаш такя кунад, мавзӯи муҳимме аст, ки аз тадовуми сиёсати худ иттикои Чин ҳикоят дорад то битавонад бахши муҳимме аз фишорҳои Амрикоро бахусус дар бахши иқтисодӣ ва фанноварии маҳор кунад, таъкиди вай мабни бар инки Чин наметавонд ба бозорҳои байналмилалӣ барои наҷоти худ вобаста бошад дар ҳамин росто қобили таваҷҷӯҳ аст.