Ҳалокати як низомии саҳюнист дар Ҷулони ишғолӣ
Май 02, 2025 17:47 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Артиши режими саҳюнистӣ ҷумъа аз куштаву захмӣ шудани чаҳор низомии ин режим дар Ҷулони ишғолӣ хабар дод ва ба иллати он низ ишора кард.
Артиши режими саҳюнистӣ ба кушта шудани як низомӣ ва захмӣ шудани се низомии дигари ин режим дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Ҷулони ишғолӣ ишора кард ва муддаӣ шуд, ки ин низомиён дар ҷараёни ҳодисаи ронандагӣ дар ҷараёни амалиётии низомӣ дар Ҷулон кушта ва захмӣ шудаанд. Низомии саҳюнисти кушташуда аз неруҳои Гурдони 890-и типи чатрбозони режими ишғолгар аст. /Меҳр
Барчасп