Иёлоти Муттаҳида то чӣ замонӣ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ пойбандаст ?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121180-Иёлоти_Муттаҳида_то_чӣ_замонӣ_ба_ҳамкориҳои_байналмилалӣ_пойбандаст
Порс тудей - Дар ҳоле ки омори маргу мири ношӣ аз гуруснагӣ ҳар рӯз дар Ғазза рекорд мешиканад , ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ҷои эъломи расмӣ « қаҳтӣ » дар ин минтақа , дар ботлоқи мулоҳизоти сиёсӣ гирифтор шудааст .
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Июл 26, 2025 19:36 Asia/Dushanbe
  • Иёлоти Муттаҳида то чӣ замонӣ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ пойбандаст ?
    Иёлоти Муттаҳида то чӣ замонӣ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ пойбандаст ?

Порс тудей - Дар ҳоле ки омори маргу мири ношӣ аз гуруснагӣ ҳар рӯз дар Ғазза рекорд мешиканад , ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ҷои эъломи расмӣ « қаҳтӣ » дар ин минтақа , дар ботлоқи мулоҳизоти сиёсӣ гирифтор шудааст .

 Moncef Khane ба тозагӣ дар ёддоштӣ дар веб сайти Алҷазираи англисӣ навишт : Дар ҷаҳоне, ки ҳар рӯз шоҳиди пешрафтҳои чашмгир дар заминаи амнияти ғизоӣ ҳастем , тасвири гиря «Alaa Al Najjar » модари фаластинӣ бар пайкари беҷони « Яҳё » фарзанди се моҳааш ки бар асари гуруснагӣ ҷони бохта , виҷдони башариятро ба чолиш мекашад. Ба гузориши Порс тудей , « Alaa Al Najjar » танҳо яке аз садҳо модари фаластинии аст ки ин рӯзҳо дар Ғазза муҳосира шуда , сӯгвори кӯдаконе ҳастанд ки қурбонии сиёсатҳои амдии гуруснагисозӣ шудаанд .

Дар 9 июли 2024 , дасит кам 11 коршиноси таҳти назари Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳушдори фаврӣ дарбораи қаҳтӣ дар Ғазза содир карданд . Дар баёнияи онҳо омада буд : « Мо эълом мекунем ки кампини амдӣ ва ҳадафманди Исроил барои гуруснагӣ додан ба мардуми Фаластин , шаклӣ аз хушунати наслкушӣ асту мунҷар ба қаҳтӣ дар саросари Ғазза шуда аст . Мо аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ мехоҳем ки таҳвили кумакҳои башардӯстона аз роҳи заминиро ба ҳар равиши лозим дар авлавият қарор диҳад , муҳосираи Ғаззаро поён диҳаду оташбас барқарор кунад . »

« Майкл Фахрӣ » гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умӯри ҳақи ғизо , « Педру Оруху - Огуду » гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умӯри беҳдошту оби ошомидании солим ва «Francesca Albanese » гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умӯри ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин аз ҷумлаи ин коршиносон буданд .

Таъриф « қаҳтӣ » ва меъёрҳои эъломи он

Дар соли 2004 , Созмони хорбору кишоварзии Милали Муттаҳид ( ФАО ) , системаи табақабандии якпорчаи амнияти ғизоӣ ( IPC )ро таъриф ва як миқёси панҷ марҳалаи камӣ барои арзёбии ноамнии ғизои як ҷамъият мушаххас кард . Ҳадафи ин иқдом , таҳрики иқдоми ҷамъии ҳангоми шиносои ноамнии ғизоӣ ва ҷилавгирӣ аз расидан ба сатҳи 5 ( қаҳтӣ ) аст . ФАО , барномаи ҷаҳонии ғизо ( WFP ) ва шуракояшон 20 сол аст ки аз IPC ба унвони абзори илмӣ ва мубтанӣ бар дода истифода мекунанд .

 Меъёрҳои камии IPC барои эъломи қаҳтӣ

- 20٪ ё бештари хонаворҳо дар як минтақа бо камбӯди шадиди ғизо ва тавони маҳдӯд барои муқобилаи мувоҷеҳ бошанд .

- Сӯитағзияи ҳод дар кӯдакон аз 30۰٪ фаротар равад .

- Нархи маргу мир ба беш аз 2 нафар дар ҳар 10٬000 нафар дар рӯз бирасад .

Вақте ин се меъёр муҳаққиқ шавад , « қаҳтӣ » бояд эълом шавад . Ҳарчанд ин эълом таъаҳҳудоти ҳуқуқии эҷод намекунад , аммо сигноли сиёсии муҳиммӣ барои водор кардани иқдомоти башардӯстонаи байналмилалӣ аст .

Агар коршиносон беш аз як соли пеш ба иттифоқ натиҷа гирифтанд ки қаҳтӣ дар Ғаззаи муҳосира шуда вуҷӯд дорад , ҳоли ин суол матраҳ мешавад ки чаро ниҳодҳои салоҳиятдори  Созмони Милал то июли имсол ( пас аз 4 моҳи муҳосира ) ба ин натиҷа нарасидаанд ?

Дар асри иттилооти лаҳзаӣ , воқеияти гуруснагии маргбор дар Ғазза ошкор ва ғайриқобилии инкор аст . Тасовири аҷсоди лоғар ки ёдовари урдӯгоҳҳои кори иҷбории нозиҳост , ривояти ҳавлнокӣ аз Ғаззаи таҳти муҳосираи неруҳои ишғолгари Исроил ироа медиҳад . Бо ин ҳол , алорақми ҳушдорҳои ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ (UNRWA) дар 20 июл дарбора хатари гурӯснагии як милюн кӯдак дар Ғазза , ҳануз « қаҳтӣ » эълом нашуда аст .

 Султаи мулоҳизоти сиёсӣ бар вазоифи ҳирфаӣ

Дар фарҳанги феълии Созмони Милал ки таҳти таъсири давлат Амрикост , мулоҳизоти сиёсӣ бар ҳиси вазифашиносӣ ва илзомоти ҳирфаӣ ғалаба дорад . Мақомот медонанд чӣ кори дуруст аст ( ё умед меравад бидонанд ) ва чӣ чизи мумкин аст ба шӯҳрату шуғлашон осеб бизанд . Ҳамлаҳои шахсии давлати Амрико ба Карими Аҳмад Хон ( Додситони кули девони байналмилалии кайфарӣ ) ва гузоришгари вижаи Созмони Милал  нишон медиҳад ки ин масъӯлиятҳо бехатар нестанд . Albanese ҳатто ҳуқуқӣ дарёфт намекунад ва кораш комилани довталабона аст ки истодагӣ ва шуҷоаташро таҳсин барангезтар мекунад . « Антонио Гутерриш » Дабирикули Созмони Милал низ бо муҳосиботи печидатаре  рӯ ба рӯ аст ; Аз ҷумла таҳдиди бархе қудратҳо ба қатъи буҷет. Аммо ҳоло ки Конгресси Амрико лоиҳае бесобиқа барои қатъи буҷети Созмони Милал тасвиб карда , тавҷеҳи адами иқдоми дуруст барои ҷилавгирӣ аз хашми Вашингтон дигар қобили қабул нест .

Муҳосираи Ғазза ва ҷинояти ҷангӣ

Бар асоси асосномаи Девони байналмилалии кайфарӣ , гуруснагӣ додан ба ғайринизомиён дар даргириҳои мусаллаҳонаи байналмилалии ҷинояти ҷангии маҳсӯб мешавад . Муҳосираи комили Ғазза аз 2 март ки мунҷар ба гурӯснагии ғайринизомиён ( ба вижа навзодону кӯдакон ) шуда аст , комилан дар чорчӯби модаи 8 асосномаи қарор мегирад , ба вижа ки натиҷаи як сиёсати амдӣ ва эълом шуда барои ҷилавгирӣ аз кумакҳои башардӯстона тайи моҳҳост .

Дар ин қаҳтии сохти башар , фаластиниён дар сукути ҷаҳонӣ мемеринд , дарҳоле, ки чанд тон маводи ғизоӣ дар марзи Миср дар ҳоли фосид шудан аст . Низомиёни режими Исроил ва муздурони хориҷии истихдом шуда тавассути « бунёди башардӯстонаи Ғазза » беш аз 900 фаластиниро дар маҳалҳои тавзеъи кумаки куштаанд . Ба гузориши барномаи ҷаҳонии ғизо , ҳудӯди 90٬000 кӯдаку зани фаластинӣ дар Ғазза ба дармони фаврии сӯитағзия ниёз доранд . Вазорати беҳдошти Фаластин гузориш дод ки танҳо дар 20 июл , 19 нафар бар асари гурӯснаги ҷон бохтаанд ва вазъият бадтар хоҳад шуд .

 Фаротар аз омор

 Пушти ҳар ададу оморӣ дар ин гузориш , достони инсонии наҳуфта аст ; Монанди « Яҳё » кӯдаки се моҳаи фаластинӣ дар Ғазза ки ҳаргиз таъми зиндагии одиро начашид . Ҷомеъаи ҷаҳонӣ имрӯз бо интихоби душворе  рӯ ба рӯ аст ; Идомаи сукут дар баробари ин фоҷеъаи инсонӣ , ё иқдоми қотеъ барои поён додан ба ин муҳосираи ғайри инсонӣ .