Ироқчӣ: Иддаоҳои расонаӣ дар бораи инъитоф дар баробари Амрикоро такзиб мекунам
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125612-Ироқчӣ_Иддаоҳои_расонаӣ_дар_бораи_инъитоф_дар_баробари_Амрикоро_такзиб_мекунам
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон бо радди иддаоҳои бархе расонаҳои хориҷӣ дар бораи инъитофи Эрон дар баробари Амрико ва дар мавзӯи ҳастаӣ, таъкид кард: Ин иддаоҳо аслан сиҳҳат надорад.
(last modified 2026-09-29T07:15:03+00:00 )
Сентябр 29, 2026 12:13 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Иддаоҳои расонаӣ дар бораи инъитоф дар баробари Амрикоро такзиб мекунам

Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон бо радди иддаоҳои бархе расонаҳои хориҷӣ дар бораи инъитофи Эрон дар баробари Амрико ва дар мавзӯи ҳастаӣ, таъкид кард: Ин иддаоҳо аслан сиҳҳат надорад.

Ба гузориши Порс Тудей, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умӯри хориҷаи Эрон пеш аз тарки Ню-Йорк дар мусоҳиба бо хабарнигори хабаргузории Садо ва симо гуфт: Бо қотеъият арз мекунам, ки ҳеҷ тағйире дар мавозеъи Эрон рух надода ва шурӯти мо барои бозгушоии танга ва низ дар бораи соири масоил ҳам, мавзеи мо мушаххас аст. Ҳеҷ инъитофе дар ҳоли ҳозир сӯрат нагирифта ва аслан баҳси дигаре ғайр аз тарҳи мо матраҳ нашудааст.

Вай афзуд, баҳси мо равшан ва фақат мавзӯи тангаи Ҳурмуз матраҳ аст ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ҳам манӯт ба таҳаққуқи як маҷмӯъа шароите аст, ки мо ба тарафҳои муқобил эълом кардаем. Ман хоҳиш мекунам, ки ба ин гумоназаниҳо ё фазосозиҳои амдӣ, ки баъзе аз расонаҳои хориҷӣ анҷом медиҳанд, таваҷҷуҳ нашавад.

Ироқчӣ бо ишора ба дидори ҷадидаш бо яке аз воситаҳои қатарӣ дар Ню-Йорк гуфт: Дар ин дидор баҳсҳои лозим сӯрат гирифт ва умедворем то рӯзи сешанбе посухи Амрикоро аз тариқи онҳо дарёфт кунем. Тарҳи Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз аз тариқи восита ба амрикоиҳо мунтақил шуд.