Озодсозии манотиқи мушарраф ба Тангаи Бобулмандаб ба дасти нерӯҳои яманӣ
-
Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман
Порс Тудей- Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълон кард: Бо зарбаҳои мушакӣ ва паҳподӣ ба таҷовузоти саудӣ посух додем ва то манотиқи мушарраф ба Тангаи роҳбурдии Бобулмандабро озод кардем.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт: Нерӯҳои мусаллаҳи Яман тайи амалиёте барқосо ва дар камтар аз ду ҳафта муваффақ шуданд зимни пешравӣ дар ҷануб ва манотиқи соҳилӣ, то манотиқи мушарраф ба Тангаи роҳбурдии Бобулмандабро озод созанд.
Вай тасреҳ кард: Дар вокуниш ба ин пешравиҳо, ҳукумати Оли Сауд дар талош барои ҳимоят аз муздурони худ бар ҳаҷми ҳамлаҳои ҳавоии худ алайҳи Яман афзудааст; иқдоме, ки Яман бо зарбаҳои мушакӣ ва паҳподӣ ба умқи хоки Арабистон ба он посух дод.