Бақоӣ: Эрон дар мавзеи худ дар бораи Яман собитқадам аст
Порс Тудей - Сухангуи вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард, Эрон дар мавзеи усӯлии худ дар қиболи мавзуи Яман собитқадам аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Исмоили Бақоӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабарнигорон зимни ташреҳи мавозеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи даргирии Арабистон - Яман, бар мавзеи усӯлии Эрон мабнӣ бар зарурати гуфтугу миёни Арабистону Яман барои ҳали масоил аз масири дипломасӣ таъкид кард.
Вай тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора омода ба коргирии масоъии ҷамилаи худ барои кумак ба хотимаи даргириҳо буда ва ҳамчунон низ омодагӣ дорад дар сӯрати тақозои тарафайн аз тамомии зарфиятҳои худ бад-ин манзур истифода кунад.
Бақоӣ бо ишора ба пешинаи даргириҳо миёни Арабистону Яман, хотирнишон кард: Таҳаввулоти 12 соли ахир нишон дод, ки мудохилаи хориҷӣ, рӯйкарди низомӣ ва муҳосира роҳи ҳали мушкили Яман нест. Мардуми Яман беш аз як даҳа аст, ки дар баробари муҳосираи дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар, истиқомат варзида ва бо сабурии мисолзадане паёмадҳои ин муҳосираи золимонаро, ки тавассути бозигарони хориҷ аз минтақа бавижа Англия ва Амрико тарроҳӣ шудааст, таҳаммул кардаанд, аммо интизор меравад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳони ислом барои поён додан ба ин вазъият иҳтимом варзанд.