Қолибоф: Ҳам меҷангем ва ҳам музокира мекунем то боздорандагии пойдорро эҷод кунем
-
Муҳаммадбоқири Қолибоф раиси маҷлиси шурои исломии Эрон
Порс Тудей- раиси маҷлиси шурои исломии Эрон таъкид кард: Вақте мегуем ҳам меҷангем ва ҳам музокира мекунем ба ин маъно нест, ки ҷанги бепоён мекунем ё музокираи ҳамешаги мекунем балки манзурамон ин аст ҷаг мекунем то душманро мустосил карда то маҷбур шавад ба хостаҳои ба ҳақи миллати Эрон тан диҳад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадбоқири Қолибоф раиси маҷлиси шурои исломии Эрон чаҳоршанбе дар гуфтугуи видеои бо мардуми Эрон гуфт: Агар фикр мекунем мо фақат бояд биҷангем ва танишро боло бибарем ва аз ин тариқ душман ва Амрикоро хаста кунем оё аз ин тариқ онҳо даст аз ҳамлаи муҷадад ва таҳдид бар медоранд ва пушаймон мешаванд қатъан ингуна нест ҳамонтавре ки оқои шаҳидамон фармуданд онҳо барои балъидани Эрон омаданд онҳо ҳамеша гуфтанд дар Халиҷи Форс манофеъ доранд то дастёби ба аҳдоф ва манофеъашон инҷо монанд.
Раиси маҷлиси Эрон таъкид кард: Бояд онқадар қави шавем то Амрико ва минтақа бифаҳманд наметавонанд ба аҳдофи худ бирасанд он замон ба боздорандагии пойдор мерасем. Боздорандагӣ ингуна эҷод мешавад, ки онқадар қудратманд бошем ва онро ба тамоми бозигарони минтақа ва ҷаҳон исбот карда бошем то касе ҷуръат накунад ба мо ҳамла кунад.
Вай гуфт: Ҳеҷкас набояд ҷуръат дошата бошад ба мо ҳамла кунад ҳар касе ин фикри аҳмақона ба зеҳнаш расид ба таҷруба нигоҳ кунад ва бидонад Эрон қудратманд аст ва наметавонад бо Эрон панҷа дар панҷа бияндозад ва дар муқобили Эрон истад.
Раиси маҷлиси шурои исломии Эрон изҳор дошт: Қави шудани Эронро бояд дар зеҳни душман тасбит кунем мо ҳам бояд қави бошем ва бар ин имон ва бовар дошта бошем ва аз суи дигар ҳам душман эҳсос кунад мо қави ҳастем барои расидан ба ин ҳадаф ҳам меҷангем ва ҳам музокира мекунем.
Қолибоф афзуд: Замоне, ки раиси ҷумҳури Амрико тафоҳумномаи Исломободро имзо кард ҳамаи дунё гуфтанд Эрон дар ин ҷанг пируз шуда аст дар ҳақиқат пирузи дар майдронро ба сабт расонидем ва аз ҷиҳати ҳуқуқи ва сиёсӣ ин пирузиро тасбит кардем ҳамин бардошти умуми боиси тақвияти боздорандагӣ мо шуд.
Қолибоф баён кард: Бояд ҳамеша ба мавқеъ омода бошем ки биҷангем ва ҳам ба мавқеъ музокира кунем, музокира ва ҷанг дарду барои расидан ба боздорандагӣ абзор ҳастанд ва танҳо роҳи дур кардани таҳдид аз кишвар расидан ба боздорандаги пойдор аст.
Раиси маҷлиси шурои исломии Эрон баён кард: Дар бораи пешниҳоде, ки ироа шудмегуям, қаблан гуфтем ва боз ҳам мегуям, раиси ҷумҳури Амрико таъаҳудоти дод ва онро нақз кард аҳдшикани карда аст Амрико бояд танбеҳ шавад Амрико бояд тағири рафтор бидиҳад ки бояд бо миллати Эрон канор биёяд ва хостаҳои ба ҳақи миллати Эронро бипазирад.