Кушти фарҳангии камтар аз 23 соли Эрон Қаҳрамони ҷаҳон шуд
Октябр 15, 2026 11:35 Asia/Dushanbe
-
Тими кушти фарҳангии камтар аз 23 соли Эрон
Порс Тудей –Тими кушти фарҳанги камтар аз 23 соли Эрон дар Чемпионати ҷаҳон бо касби 5 медал ва 119 имтиёз унвони қаҳрамонии рақобатҳои Қаҳрамони ҷаҳон дар Амрикоро аз они худ кард.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Тансим Ирфон Ҷарконӣ (63 кг), Абулфазл Меҳмедӣ (82 кг) ва Ёсин Яздӣ (87 кг) барои дастаи Эрон медалҳои тилло ба даст оварданд.
Ҳамчунин, Муҳаммад Камалӣ (67 кг) ва Муҳаммадҳодӣ Сайдӣ (97 кг) соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Дастаҳои Қазоқистон ва Русия мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карданд.