Сухангӯи артиши Эрон: Амрико дучори танҳои роҳбурди шудааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125724-Сухангӯи_артиши_Эрон_Амрико_дучори_танҳои_роҳбурди_шудааст
Порс Тудей– Сухангӯи артиши Эрон бо баёни он ки Амрико барои нахустинбор пас аз Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ дучори танҳоии роҳбурди шудааст, таъкид кард, ки ҳадафи Амрико аз оғози ҷанги ғайриқонунӣ алайҳи Эрон, нобуд кардани тамаддуни эронӣ-исломӣ мебошад.
(last modified 2026-10-15T07:17:11+00:00 )
Октябр 15, 2026 11:56 Asia/Dushanbe
  • Сарнтип  Акраминиё, Сухангӯи артиши Эрон
    Сарнтип Акраминиё, Сухангӯи артиши Эрон

Порс Тудей– Сухангӯи артиши Эрон бо баёни он ки Амрико барои нахустинбор пас аз Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ дучори танҳоии роҳбурди шудааст, таъкид кард, ки ҳадафи Амрико аз оғози ҷанги ғайриқонунӣ алайҳи Эрон, нобуд кардани тамаддуни эронӣ-исломӣ мебошад.

Ба гузориши Порс Тудей, ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Сарнтип  Акраминиё, Сухангӯи артиши Эрон, рӯзи чоршанбе изҳор дошт: "Як фарқияти калидӣ миёни Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва артишҳои дигар кишварҳо дар доштани имони илоҳӣ ва маънавият аст. Аз ин рӯ, Созмони ақидатии-сиёсии артиш дар эҷоди фазои маънавӣ ва гуфтумон дар дохили нерӯҳои мусаллаҳ нақши муҳим бозидааст."

Ӯ бо ишора ба "таҷовузи тарсуёна"-и душманон алайҳи Эрон дар ҷараёни низоъи ахир таъкид кард: "Бояд ба ривоятҳои дурӯғин — ки аз ҷониби душман барои ғолиб нишон додани худ сохта шудаанд посух дод; дар ин замина, чеҳраҳои фарҳангӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа масъулияти муҳим бар дӯш доранд."

Дар мавриди аҳамияти тавлиди қудрат  бахусус тавлиди "қудрати нармСарнтип  Акраминиё, Сухангӯи артиши Эрон қайд кард: "Қудрати нарм, ки дар охири асри 20 вориди луғати омӯзишҳои низомӣ ва равобити байналмилалӣ шудааст, ҳамчун як бахши такмилкунанда ва тақвиятдиҳандаи 'қудрати сахт'амал мекунад. Бинобар ин, тавлиди қудрати нарм дар дохили артиш аҳамияти бисёр баланд дорад." Ӯ бо ишора ба изҳороти ахири вазири хориҷаи  Амрико гуфт: "Суханронии ахири вазири хориҷаи Амрико Марко Рубио дар Акрополи Юнон, идомаи талошҳои душман барои заиф кардани пояҳои 'қудрати нарм' маҳсуб мешавад." Бар хилофи иддаоҳои пешина, ки гӯё душмании Амрико танҳо ба низоми Ҷумҳурии Исломӣ равона шудааст ва Амрико бо мардуми мутамаддини Эрон ҳеҷ мушкиле надорад  ин изҳорот ниқоби дурӯягии ин кишварро бардошта, моҳияти зиддитамаддунии он ва рӯҳияи такаббурноку гегемонистиашро ошкор сохт. Ҳадафи роҳбарони Амрико аз барангехтани ҷанги ҷорӣ, нобуд кардани тамаддуни эронию исломӣ аст, на танҳо сарнагун кардани Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Сухангӯи артиши Эрон афзуд: «Роҳбарони Амрико тасаввур мекарданд, ки бо ба шаҳодат расонидани Раҳбари Инқилоби Исломӣ ва фармондеҳони низомӣ метавонанд мардуми Эронро битарсонанд ва ба таслим шудан водор созанд; аммо мардуми огоҳ ва далери Эрон бо истодагарии таърихии худ, душманонро ҳам ҳайратзада ва ҳам ноком карданд».