Қашқовӣ: Эъмоли мудирияти эронӣ бар Тангаи Ҳурмуз ҳар рӯз муҳкамтар мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125692-Қашқовӣ_Эъмоли_мудирияти_эронӣ_бар_Тангаи_Ҳурмуз_ҳар_рӯз_муҳкамтар_мешавад
Порс Тудей- Сухангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон таъкид кард: Эъмоли мудирияти эронӣ бар Тангаи Ҳурмуз рӯз ба рӯз мустаҳкамтар аз қабл аст ва то таҳаққуқи шароити эъломии Эрон маҳол аст Тангаи Ҳурмуз боз шавад.
(last modified 2026-10-11T10:41:51+00:00 )
Октябр 11, 2026 15:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳасан Қашқовӣ, сухангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон
    Ҳасан Қашқовӣ, сухангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон

Порс Тудей- Сухангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон таъкид кард: Эъмоли мудирияти эронӣ бар Тангаи Ҳурмуз рӯз ба рӯз мустаҳкамтар аз қабл аст ва то таҳаққуқи шароити эъломии Эрон маҳол аст Тангаи Ҳурмуз боз шавад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Ҳасан Қашқовӣ, сухангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон рӯзи якшанбе дар суханоне гуфт: Ҳаддиақал беш аз ҳафтод дарсади ахбор ва таҳлилҳои тавлидии душман дар замони ҷанг, ғайривоқеӣ ва дурӯғ аст ва дар чаҳорчӯби ҷанги шинохтӣ ва ё равонӣ қарор мегирад.

Вай изҳор кард: Ин муҳим монанди иддаоҳои мутаноқизи Трус Сошиали Трамп, ки ҷумлагӣ гумроҳкунанда, ошуфта ва гиҷкунанда аст; ин иддаоҳо маъмулан дар хидмати ҷанги равонии душман барои ҷуброни нокомии рӯзафзун ва маҳбубияти рӯ ба заволи Трамп ва ҳизбаш дар остонаи интихобот қарор мегирад.

Қашқовӣ ҳамчунин таъкид кард: Эъмоли мудирияти эронӣ бар Тангаи Ҳурмуз рӯз ба рӯз мустаҳкамтар аз қабл аст ва то таҳаққуқи шароити эъломии Эрон маҳол аст Тангаи Ҳурмуз боз шавад.