Вилоятӣ: Амрико бо тамаддуни Эрони қавӣ ва мустақил мушкил дорад
-
Вилоятӣ: Амрико бо тамаддуни Эрони қавӣ ва мустақил мушкил дорад
Порс Туде й - Мушовири раҳбари инқилоб дар умури байналмилал дар вокуниш ба иддаоҳои Рубио, вазири умури хориҷаи Амрико дар фазои маҷозӣ навишт: Мушкили шумо бо Инқилоби Исломӣ нест, бо тамаддуни Эрони қавӣ ва мустақил аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Алиакбари Вилоятӣ, мушовири раҳбари инқилоб дар умури байналмилал рӯзи шанбе дар ҳисоби корбарии худ дар фазои маҷозӣ, навишт: Дар суханронии ахири Рубио як таноқузи ошкор ҳаст. Истодагӣ « то охирин нафар» дар Юнони Бостон ситоиш мешавад, аммо истодагии миллати бузурги Эрон бо барчасби фирқаи марг, таҳқир мешавад.
Вай таъкид кард: Ситоиши муқовимат барои «худӣ» ва таҳқири он барои «дигаре» тамаддун нест, фалсафабофӣ барои султа аст, оқои Рубио!
Мушовири раҳбари инқилоб дар умури байналмилал дар поёни матлаби худ, овардааст: Мушкили шумо бо Инқилоби Исломӣ нест. Бо тамаддуни Эрони қавӣ ва мустақил аст. Онон ки фоҷеъаҳои Ҳирошима, Ветнам, Ироқу Афғонистонро ба вуҷӯд овараданд, ҳақ надоранд, дарси ахлоқ бидиҳанд!
Марко Рубио, вазири умури хориҷаи Амрико ахиран дар Акрополи Афина, дар изҳороте саросар таҳрифу тавҳин ба тамаддуни Эрон, бо тавсифии ҳолливудӣ аз ривоятҳои торихии юнонӣ аз ҷанги Юнону Эрон иддао карда буд, эрониён 480 сол пеш аз мелоди Масеҳ ба Юнон ҳамла ва онҷоро ғорат карданд.