Сарлашкар Ризоӣ: Амрико аз ноумедӣ ба муҳосираи ҳавоӣ даст задааст
Pars Today - Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъкид кард: Шартҳои Эрон ба Иёлоти Муттаҳида эълон шудаанд, аммо Трамп наметавонад қароре қабул кунад ва Иёлоти Муттаҳида аз ноумедӣ дар ҷанги низомӣ ба муҳосираи ҳавоӣ даст задааст.
Бино ба иттилои Pars Today, бо истинод ба Садо ва Симои Эрон, сарлашкар Мӯҳсин Ризоӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, дар мулоқот бо Шоҳин Мустафо, муовини сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида ва режими саҳюнистӣ ба Эронро хилофи қонунҳои байналмилалӣ дониста гуфт: Эрон дар посух ба ин ҷанг бо қудрат аз худ дифоъ кардааст.
Ризоӣ афзуд: Трамп дар ботлоқе қарор гирифтааст, ки дар он на метавонад музокира кунад ва на ҷанг кунад.
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба таҳаввулоти таърихӣ дар минтақа таъкид кард, ки дар тӯли таърих бисёре аз хориҷиён омада ва рафтаанд, аммо Эрон ва кишварҳои минтақа боқӣ мондаанд.
Шоҳин Мустафо, муовини сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон, низ Эронро кишвари дӯст ва бародар тавсиф кард ва тахминҳоро дар бораи истифодаи қаламрави Озарбойҷон бар зидди Эрон рад кард.
Бахши дигари таваҷҷӯҳи мулоқот таъкид ба лоиҳаҳои иқтисодие буданд, ки ду кишвар ба мувофиқа расидаанд, аз ҷумла долони Арас, ҳамкорӣ дар соҳаҳои об ва энергетика, таъмини амнияти марз ва мубориза бо қочоқи мол ва маводи мухаддир.