Ҳилларӣ Клинтон: Вазири ҷанги Амрико бояд истизоҳ шавад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i125772-Ҳилларӣ_Клинтон_Вазири_ҷанги_Амрико_бояд_истизоҳ_шавад
Порс Тудей– Вазири хориҷаи пешинаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз оғози раванди барканорӣ аз мақом нисбат ба бархе аз мақомдорони Амрико, аз ҷумла Пит Ҳегсет – Вазири ҷанги Амрико, ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки Ҳегсет бояд мавриди истеҳзо шавад.
(last modified 2026-10-22T08:07:03+00:00 )
Октябр 22, 2026 12:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳилларӣ Клинтон: Вазири ҷанги Амрико бояд истизоҳ шавад
    Ҳилларӣ Клинтон: Вазири ҷанги Амрико бояд истизоҳ шавад

Порс Тудей– Вазири хориҷаи пешинаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз оғози раванди барканорӣ аз мақом нисбат ба бархе аз мақомдорони Амрико, аз ҷумла Пит Ҳегсет – Вазири ҷанги Амрико, ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки Ҳегсет бояд мавриди истеҳзо шавад.

Ба гузориши  Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Ҳилларӣ Клинтон дар мусоҳиба бо рӯзноманигор ва муҷрии амрикоӣ Кара Свишер гуфт: "Ман бо истизиҳи Доналд Трамп мухолиф ҳастам, зеро ба назари ман, ин танҳо як намоиши сиёсӣ аст; ҳеҷ имконе барои маҳкум шудан ё аз мақом барканор шудани ӯ вуҷуд надорад."

Вазири хориҷаи собиқи амрико аз оғози тафтишот барои истизоҳи як қатор мақомдорони интихобшуда ё таъиншуда дар маъмурияти Трамп ҷонибдорӣ кард. Ӯ Пит Ҳегсет, Вазири ҷанги Амрико-ро ҳамчун яке аз афроде ном бурд, ки бояд дар баробари амалҳои худ ҷавобгар бошад. Ба гуфтаи ӯ, Ҳегсет артиши Амрико-ро заиф карда, онро ҳамчун абзори сиёсӣ истифода намудааст.

Ӯ афзуд: "Вазири ҷанги Амрико артиши кишварро ба як нерӯи ниманизомӣ табдил додааст, ки ба ҳадафҳои миллатгароёнаи худи ӯ хизмат мекунад."

Қаблан, Томас Масси, узви ҷумҳурихоҳи Конгресси Амрико, дар Маҷлиси намояндагон қатъномаеро барои истизоҳи Пит Ҳегсет пешниҳод карда буд. Масси ӯро ба сӯиистифода аз мақом ва иҷрои дастури ҳамлаи таҷовузкорона ба Эрон бидуни гирифтани иҷозат аз қонунгузорони Амрико муттаҳам намуд.