Баёнияи Трамп Натанёҳуро наҷот надод
-
Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ
Порс тудей - Назарсанҷиҳои интихоботӣ дар Фаластини ишғолӣ нишон медиҳад вазъияти Бинёмин Натанёҳу баъд аз баёнияи Доналд Трамп дар хусӯси ҳимоят аз ӯ тағйире надоштааст.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , назарсанҷиҳои нав дар хусӯси интихобот дар Фаластини ишғолӣ , нишон медиҳад баёнияи Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри Амрико дар ҳимоят аз Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ тағйире дар вазъияти эътилофи вай ва ҳизби Ликуд ба дунбол надоштааст. Ҳатто шумори курсиҳои тахминӣ барои муътаризон ба дахолати Трамп дар умӯри дохилии Исроил афзоиш доштааст.
Тибқи назарсанҷии рӯзномаи Вала , эътилофи Натанёҳу 48 курсӣ ба даст овардааст , мухолифони Натанёҳу 58 курсиро ба худ ихтисос додаанд. Ҳар эътилоф барои пирӯзӣ ба камаш 61 курсӣ ниёз дорад.
Бино ба иттилооти ин назарсанҷӣ пас аз истеъфои Бини Гантс-раиси ҳизби Обии сафед аз интихобот , ҳизби Ёшар ба раҳбарии Гади Айзинкот бо афзоиши курсиҳо рӯбарӯ шуда ва ба 23 курсӣ расидааст. Аз сӯи дигар ҳизби Ликуд ба раҳбарии Бинёмин Натанёҳу бо аз даст додани як курсӣ ба 19 курсӣ суқут кардааст.
Ҳизби Бехад ба раҳбарии Нафтали Бинт низ бо афзоиши курсиҳо ва расидан ба 14 курсӣ , ҷойгоҳи худро ба унвони сеюмин ҳизби бузург ҳифз кардааст. Аз сӯи дигар ҳизби Демократҳо ба раҳбарии Ёйири Голан бо аз даст додан як курсӣ ба 9 курсӣ ва ҳизби Исроил-хонаи мо ба раҳбарии Авигдар Либерман низ бо аз даст додани курсиҳо ва расидан ба ҳашт курсӣ , дар ҷойгоҳҳои баъдӣ қарор доранд.