Ҳушдори сареҳи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба муздурони саудӣ
-
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман
Порс Тудей - Нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо ҳушдор дар бораи таҳаррукоти ҷадиди эътилофи саудӣ таъкид карданд: Ҳаргӯна таҷаммӯи низомии нерӯҳои вобаста ба Арабистон, ҳадафи машрӯъ хоҳад буд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, як манбаи низомии яманӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории «Сабаъ» зимни маҳкум кардани ҷиноятҳои ахири муздурони саудӣ, дар бораи ҳаргӯна таҳаррукоти низомии ҷадиди ин эътилоф дар Яман ҳушдор дод.
Ин манбаъ ҳамла ба манзили як шаҳрванд дар шаҳристони «Ал-Ҷарроҳӣ» дар устони Ҳудайдаро ҷинояти дигаре дар корномаи сиёҳи душмани саудӣ ва муздуронаш донист ва ҳушдор дод: Ҳаргӯна таҷаммӯи муздурони вобаста ба душмани саудӣ, ҳадафи машрӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман маҳсуб мешавад.
Манбаи низомии яманӣ таъкид кард: Нерӯҳои яманӣ барои хунсосозии тадорукоти эълоншуда барои ҷанги заминӣ, бо тамоми тавон муқобила хоҳанд кард ва душмани саудӣ ҳаргиз нахоҳад тавонист иродаи миллати Яман дар баробари зулм ва таҷовузро дар ҳам бишканад.