Сухангӯи Артиши Эрон: Душман бо таҷовузи низомии муҷаддад осеби бештаре мебинад
-
Амир сартип Акраминиё, сухангӯи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон
Порс Тудей- Сухангӯи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз авзои вахими Амрико дар минтақаи ғарби Осиё хабар дод ва таъкид кард: Артиши Эрон ҳамаҷура барои набард бо душман омода аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, амир сартип Акраминиё, сухангӯи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба хатои муҳосиботии раисиҷумҳури мутаваҳҳими Амрико дар қиболи Эрон, гуфт: Трамп хаёл кард бо зарбаҳои воридшуда ба Ҳамос ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ва суқути Сурия авзоъ барои таҷовузи низомӣ ба хоки Эрон муҳайёст, аммо Артиш ва Сипоҳ дар ҷанг бо душмани амрикоӣ-саҳюнӣ мошини ҷангии онҳоро мутаваққиф карданд.
Амир сартип Акраминиё таъкид кард: Амрико ва режими саҳюнӣ дар ҷанг бо Эрон дар расидан ба аҳдофи эъломӣ (нобудии тавони мушакӣ) ва аҳдофи пинҳониашон (таҷзияи Эрон) шикаст хӯрданд.
Сухангӯи Артиши Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки авзои Амрико дар минтақа аслан хуб нест ва мумкин аст даст ба таҷовузи низомӣ бизанад, ба Амрико ва ҳампаймононаш ҳушдор дод: Дар сурати таҷовузи низомии муҷаддад осебҳои бештаре мебинанд ва Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамаҷура барои набард бо душман омода аст.
Амир сартип Акраминиё дар поён ҳам авлавияти Амрикоро таъмини амнияти режими саҳюнӣ ва манофеи ӯ донист, на кишварҳои мусалмони минтақа ва таъкид кард: Ихроҷи Амрико аз ғарби Осиё минтақаро амн мекунад.