Ироқчӣ: Ноамнии тангаи Ҳурмуз натиҷаи таҷовузгарии амрикоӣ – саҳюнӣ аст
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Ноамнии ҳоким бар тангаи Ҳурмуз ва ихтилол дар киштиронии дарёӣ, натиҷаи мустақими иқдомоти таҷовузкоронаи Иёлоти муттаҳида ва режими Исроил аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Саидаббоси Ироқчӣ ҷумъашаб дар канори салони Шӯрои амнияти Созмони Милал дар ҷамъи хабарнигорон таъкид кард: Наметавон як кишварро бомбаборон кард, онро ба нобудӣ таҳдид кард, муҳосираи дарёӣ ва иқдомоти қаҳрӣ алайҳи он эъмол кард ва интизор дошт амнияту киштиронӣ ба таври худкор эҳё шавад.
Ироқчӣ тасреҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар бар тааҳҳуди росихи худ ба ҳуқуқи байналмилал, Маншури милали муттаҳиду дипломасӣ таъкӣи мекунад. Ин тааҳҳуд аз тариқи музокироте, ки ба инъиқоди БарҶом, иҷрои он ва талошҳои мустамари Эрон барои пайгирии дипломасӣ тайи ду соли гузашта мунҷар шуд, ба исбот расидааст; ҳатто дар шароите, ки Эрон бо иқдомоти таҷовузкоронаи Амрико ва Исроил мувоҷеҳ будааст.
Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард: Иёлоти муттаҳида масири мухолифро баргузид: таҷовуз, таҳдид, террор, ҷанги иқтисодӣ ва беэътиноии ошкор ба ҳуқуқи байналмилал ва Маншури милали муттаҳид. Дар ҷараёни таҷовузи Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, беш аз панҷ ҳазор нафар кушта шудаанд, аз ҷумла садҳо зан ва кӯдак.
Вай афзуд: Иёлоти муттаҳида акнӯн маҳрумияти иқтисодиро ба унвони абзоре барои муҷозоти ҷамъӣ ва иҷбори сиёсӣ ба кор мегирад. Ин дипломасӣ нест. Ин иҷбор ва терроризми иқтисодӣ ва нақзи фоҳиш ва мустақим иқдомоти муваққат илзомоварӣ аст, ки Девони байналмилалии додгустарӣ дар таърихи 3 октябри 2018 дастури онро содир кард.
Ироқчӣ таъкид кард: Эрон ҳамчунон ба киштиронии эмин ва амн мутааҳҳид аст, аммо амнияти дарёиро наметавон аз тариқи иқдомоти низомии бештар, таҳдид, муҳосира ё иҷбори иқтисодӣ эҳё кард. Ноамнии ҳоким бар тангаи Ҳурмуз ва ихтилол дар киштиронии дарёӣ, натиҷаи мустақими иқдомоти таҷовузкоронаи Иёлоти муттаҳида ва режими Исроил аст.
Вай афзуд: Эрон аз тариқи Қатар, як барномаи мушаххаси ҳафтрӯзаро ба Иёлоти муттаҳида мунтақил кардааст. Агар шароити лозим фароҳам шавад, танга метавонад бозгушоӣ шавад ва убӯр ва мурӯри одии дарёӣ зарфи ҳафт рӯз аз сар гирифта шавад. Акнӯн интихоб бо Иёлоти муттаҳида аст. Эрон иҷбор, таҳдид ё иръобро намепазирад ва Эрон таҳти фишор аз ҳуқуқи ҳокимиятии худ даст нахоҳад кашид.