Ғарибободӣ: Қавоиди ҳуқуқи байналмилал набояд интихобӣ бошад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125588-Ғарибободӣ_Қавоиди_ҳуқуқи_байналмилал_набояд_интихобӣ_бошад
Порс Тудей - Муовини вазири хориҷаи Эрон гуфт: Ҳуқуқи байналмилал, агар қарор аст, ҳофизи сулҳ бошад, наметавонад маҷмӯъае аз қавоиди интихобӣ бошад, ки дар мавриди бархе давлатҳо бо ҷиддият иҷро ва дар мавриди бархе дигар, ба далели мулоҳизоти сиёсӣ, нодида гирифта шавад.
(last modified 2026-09-26T05:49:18+00:00 )
Сентябр 26, 2026 10:48 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ: Қавоиди ҳуқуқи байналмилал набояд интихобӣ бошад

Порс Тудей - Муовини вазири хориҷаи Эрон гуфт: Ҳуқуқи байналмилал, агар қарор аст, ҳофизи сулҳ бошад, наметавонад маҷмӯъае аз қавоиди интихобӣ бошад, ки дар мавриди бархе давлатҳо бо ҷиддият иҷро ва дар мавриди бархе дигар, ба далели мулоҳизоти сиёсӣ, нодида гирифта шавад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Козими Ғарибободӣ ҷумъашаб бо ҳузур дар нишасти олирутбаи дифо аз ҳуқуқи байналмилали Созмони милал гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки ҳуқуқи байналмилал, агар қарор аст, воқеан ҳофизи сулҳ, адолат ва каромати инсонӣ бошад, наметавонад маҷмӯъае аз қавоиди интихобӣ бошад, ки дар мавриди бархе давлатҳо бо ҷиддият иҷро ва дар мавриди бархе дигар, ба далели мулоҳизоти сиёсӣ ва қудрат, нодида гирифта шавад.

Муовини вазири хориҷаи Эрон эълом кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои ахир бо нақзи ошкори усӯли бунёдини маншур дар баробари худ мувоҷеҳ шудааст. Дар 28 феврали 2026, даври ҷадиди таҷовузи низомии Амрико ва режими Исроил алайҳи Эрон дар қолаби ҷанги чиҳилрӯза оғоз шуд. Дар рӯзи аввали ҷанг, раҳбари фақид ва олиқадри Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 168 донишомӯз ва муаллими дабистонӣ дар шаҳри Миноб дар ҷануби Эрон ба шаҳодат расиданд.

Вай тасреҳ кард, мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон равшан аст: Ҳокимият ва тамомияти арзии давлатҳо қобили нақз ва муомила нест. Ҳеҷ давлате наметавонад сирфан бар мабнои иддаоҳои сиёсӣ ё бардошти якҷониба аз таҳдид, асли манъи тавассул ба зӯрро канор бигузорад. Агар асли бунёдини модаи 2 банди 4 маншур тазъиф шавад, ҳеҷ кишваре, бузург ё кучак, наметавонад аз амнияту ҳокимияти худ итминон дошта бошад.

Ғарибободӣ афзуд: Эрон ҳамчунин бар ин бовар аст, ки дар сӯрати мувоҷеҳ шудан бо ҳамалоти мусаллаҳона, ҳаққи дифои машрӯъ, дар чорчӯби маншур ва ҳуқуқи байналмилал, ҳаққе машрӯъ ва қонӯнӣ барои давлат қурбонӣ аст. Дар айни ҳол, Ҷумҳурии Исломии Эрон бар риояти ҳуқуқи байналмилали башардӯстона, ҳимоят аз ғайринизомиён ва зарурати тамоюз миёни аҳдофи низомӣ ва ғайринизомӣ таъкид мекунад. Ин усӯл бояд бидуни истисно риоят шаванд; чӣ дар Фаластин, чӣ дар Эрон, чӣ дар Лубнон, чӣ дар Яман ва чӣ дар ҳар нуқтаи дигаре аз ҷаҳон.

Вай таъкид кард: Агар ҳуқуқи байналмилал барои қудратманд ва заъиф, муттаҳид ва ғайримуттаҳид, Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷануб яксон набошад, эътибори он дар маърази фарсоиш қарор хоҳад гирифт. Аз ин манзар, нақши Девони байналмилалии додгустарӣ аҳаммияти музоъаф дорад. Девон бояд битавонад ба унвони рукни қазоии аслии Созмони Милали Муттаҳид, мустақил аз фишорҳои сиёсӣ, ба ихтилофоти байни давлатҳо расидагӣ кунад ва тааҳҳудоти ҳуқуқии давлатҳоро равшан созад.