Сарлашкар Ҳотамӣ: Агар Эрон тиҷорат накунад, ҳеҷ кас наметавонад тиҷорат кунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125598-Сарлашкар_Ҳотамӣ_Агар_Эрон_тиҷорат_накунад_ҳеҷ_кас_наметавонад_тиҷорат_кунад
Порс Тудей- Фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба душман ҳушдор дод: Агар Эрон натавонад тиҷорат кунад, агар Эрон натавонад зиндагӣ кунад, ҳеҷ кас наметавонад тиҷорат кунад ва зиндагӣ кунад.
(last modified 2026-09-27T13:52:59+00:00 )
Сентябр 27, 2026 18:46 Asia/Dushanbe
  • Амир сарлашкар Амир Ҳотамӣ, фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Амир сарлашкар Амир Ҳотамӣ, фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон

Порс Тудей- Фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба душман ҳушдор дод: Агар Эрон натавонад тиҷорат кунад, агар Эрон натавонад зиндагӣ кунад, ҳеҷ кас наметавонад тиҷорат кунад ва зиндагӣ кунад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, амир сарлашкар Амир Ҳотамӣ, фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе бо баёни ин ки иштибоҳи душман ин буд, ки тасаввур мекард агар Раҳбари инқилобро шаҳид кунад, агар фармондеҳони моро ба шаҳодат бирасонад, кишвар дучори фурӯпошӣ хоҳад шуд, гуфт: Ҷанги таҳмилӣ дар марҳилаҳои ҳассос ва сарнавиштсозе қарор дорад, чун ҳанӯз ҷанг тамом нашудааст. Мо пирӯз шудем, аммо бояд ин пирӯзиро ҳифз кунем.

Вай афзуд: Душмани мутаҷовиз зарбаҳои сахте хӯрдааст, аммо ҳамчунон бояд омодаи ворид кардани зарбаҳои сахт аз сӯи сарбозони Эрони азиз бошем.

Фармондеҳи кулли Артиши Эрон хотирнишон кард: Эътибори душман дар маърази нобудӣ аст. Дучори сардаргумӣ ва дармондагӣ шудаанд ва намедонанд бо миллати 90-миллионӣ, ки ҳама худро сарбози ватан медонанд, чӣ кунанд.

Амир сарлашкар Ҳотамӣ таъкид кард: Эрон ҷои зиёдахоҳиҳо ва истикбори душманон нест. Мо инро борҳо гуфтаем, ки агар қарор бошад минтақа ноамн бошад, ин ноамнӣ барои ҳама хоҳад буд. Намешавад мо дар минтақа зиндагӣ кунем ва солиёни мутамодӣ соҳибони ин минтақа бошем, аммо аз ҳамаи марҳилаҳо маҳрум шавем ва дигарон аз ҷои дигаре биёянд, аз роҳҳои дур биёянд ва аз ҳамаи ин маворид истифода кунанд. Ин рӯё таъбир нахоҳад шуд.

Вай афзуд: Агар Эрон натавонад тиҷорат кунад, агар Эрон натавонад зиндагӣ кунад, ҳеҷ кас наметавонад тиҷорат кунад ва зиндагӣ кунад. Тангаи Ҳурмуз, тангаи иззат ва шарафи мост ва иҷоза дода нахоҳад шуд аз ин гулӯгоҳи бузурги лоҷистикӣ душманони кишвар истифода кунанд, аммо миллати Эрон маҳрум бошад.

Фармондеҳи кулли Артиши Эрон хитоб ба ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа гуфт: Ман аз ҳамаи ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа мехоҳам, ба унвони сарбози эронӣ, ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ кунанд. Дидед ҳамкорӣ бо Амрико амниятофарин нест. Амнияти минтақа дар даруни минтақа ва ба дасти худи кишварҳои минтақа аст ва инчунин хоҳад шуд.