Паёми Раҳбари Инқилоб дар пайи ифтихор офаринии тими Умеди куштии озод
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125738-Паёми_Раҳбари_Инқилоб_дар_пайи_ифтихор_офаринии_тими_Умеди_куштии_озод
Порс Тудей – Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнӣ Хоманаӣ, Раҳбари Инқилоби Исломӣ, бо паёме ба роҳбарон, мураббиён ва паҳлавонони далери дастаи мунтахаби куштии озоди то 23-солаи Эрон, инчунин ба миллати бузурги Эрон ва бахусус насли ҷавони қаҳрамони кишвар, ба муносибати касби унвони қаҳрамонӣ ва дастоварди бошукӯҳашон дар Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Амрико табрику таҳният гуфтанд.
(last modified 2026-10-19T08:17:22+00:00 )
Октябр 19, 2026 13:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ Раҳбари Инқилоби Исломӣ
    Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ Раҳбари Инқилоби Исломӣ

Порс Тудей – Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнӣ Хоманаӣ, Раҳбари Инқилоби Исломӣ, бо паёме ба роҳбарон, мураббиён ва паҳлавонони далери дастаи мунтахаби куштии озоди то 23-солаи Эрон, инчунин ба миллати бузурги Эрон ва бахусус насли ҷавони қаҳрамони кишвар, ба муносибати касби унвони қаҳрамонӣ ва дастоварди бошукӯҳашон дар Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Амрико табрику таҳният гуфтанд.

Ба гузориши Порс Тудей, ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо матни паёми Раҳбари Инқилоби Исломӣ ба ин шарҳ  аст:

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Пирӯзӣ ва касби унвони қаҳрамонӣ аз ҷониби дастаи мунтахаби куштии озоди то 23-солаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, қалби миллати бузург ва қадршиноси Эронро саршор аз шодӣ ва ифтихор гардонид.

Ин муваффақият, ки бо ба даст овардани нӯҳ медал ҳамроҳ буд ,монанди пирӯзии ахири дастаи куштии юнонӣ-румии то 23-сола — натиҷаи барномарезӣ, идоракунӣ ва талошҳои бедареғи масъулони даста, мураббиёни фадокор ва ҷавонони қавӣ ва далери Эрон аст. Ман ба ин азизон бахусус насли ҷавони қаҳрамони кишварамон ва ба миллати сарфарози Эрон табрикоти худро иброз медорам.

Сайид Муҷтабо Ҳусайнӣ Хоманаӣ

18 октябри соли 2026