Сарлашкар Абдуллоҳӣ:Барои тасмимҳои аҳмақонаи душман лаҳзашумори мекунем
-
Сарлашкар халабон Алӣ Абдуллоҳӣ раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотам-ул-анбиё-и (с) Ҷумҳурии Исломии Эрон
Порс Тудей – Сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва фармондеҳи Қароргоҳи марказии «Хотам-ул-анбиё» ба душман ҳушдор дод: «Такрор кардани як таҷрибаи ноком хатост; мо лаҳзаҳоро то замоне, ки шумо қарорҳои аблаҳона қабул мекунед, мешуморем».
Ба гузориш Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории «Меҳр», Сарлашкар халабон Алӣ Абдуллоҳӣ Сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва фармондеҳи Қароргоҳи марказии «Хотам-ул-анбиё»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон бо хитоб ба раҳбарони душмани амрикоиву саҳюнистӣ изҳор дошт: «Дар мавриди шиорҳое, ки сар медиҳед агар қобилияти амалӣ кардани онҳоро медоштед, то ҳол ин корро мекардед. Дар низоъҳои гузашта, шумо бо ҳадафҳои эълоншудаи сарнагун кардани Ҷумҳурии Исломӣ, пора-пора кардани кишвар ва нобуд сохтани Эрон вориди майдон шудед; аммо имрӯз, ин худи шумо ҳастед, ки бо фурӯпошӣ ва суқут рӯбарӯ шудаед, дар ҳоле ки Эрони тавоно устувор боқӣ мондааст».
Ӯ афзуд: Раиси ҷумҳури Амрико пир шудааст ва ҳатто қувваи бархестан надорад. Ҳам ҷомеаи Амрико ва ҳам сокинони сарзаминҳои ишғолшуда хуб медонанд, ки шумо аз заъфҳои ҷиддӣ ва бунёдӣ ранҷ мебаред. Шумо бояд дарк кунед, ки ҳар гуна ҳисобкунии ғалати дигар аз ҷониби шумо, бо посухе рӯбарӯ хоҳад шуд, ки хеле сахттар ва мутафовиттар аз ҳар он чизест, ки дар гузашта таҷриба кардаед». Сарлашкар халабон Алӣ Абдуллоҳӣ бо ишора ба азму иродаи Раҳбари Инқилоби Исломӣ, миллат, масъулон ва нерӯҳои мусаллаҳи тавонои Эрон, ба душман ҳушдор дод: «Шумо ин азму иродаро борҳо санҷидаед; озмударо озмудан хатост. Мо лаҳзаҳоро то қарорҳои аблаҳонаи навбатии шумо мешуморем. Ғурриши навбатӣ хеле наздиктар, басо харобиовартар ва ғайриқобили боздошт хоҳад буд».