Ироқчӣ хитоб ба Нетаняҳу: Мо низ бо шумо ҳисоби нотамом дорем!
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125750-Ироқчӣ_хитоб_ба_Нетаняҳу_Мо_низ_бо_шумо_ҳисоби_нотамом_дорем!
Порс Тудей – Дар посух ба изҳороти зидди эронии нахуствазири режими саҳюнистӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон дар бораи паёмадҳои ҳар гуна иқдоми нав ҳушдор дода, гуфт: "Эҳтиёт бошед; Эрон низ бо шумо ҳисоби нотамом дорад."
(last modified 2026-10-19T09:06:14+00:00 )
Октябр 19, 2026 14:01 Asia/Dushanbe
  • Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон
    Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон

Порс Тудей – Дар посух ба изҳороти зидди эронии нахуствазири режими саҳюнистӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон дар бораи паёмадҳои ҳар гуна иқдоми нав ҳушдор дода, гуфт: "Эҳтиёт бошед; Эрон низ бо шумо ҳисоби нотамом дорад."

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо Сайид Аббоси Иоқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон, дар як паёми шабакаҳои иҷтимоӣ дар посух ба суханони зидди эронии нахуствазири режими саҳюнистӣ навишт: "Дафъаи гузашта, вақте ки шумо мехостед 'корро яктарафа кунед', Эрон қавитар аз пештара берун омад. Оё мехоҳед боз бахти худро бисанҷед? Марҳамат — аммо огоҳ бошед: мо низ бо шумо ҳисоби нотамом дорем!"

Ирақчӣ афзуд: "Нетаняҳу барои раҳоӣ аз зиндон,Амрикоро ба ҷанги дигаре водор мекунад бидуни он ки ба паёмадҳои он барои Исроил,  Амрико, андеша кунад.