Сарлашкар Ризоӣ: Суботи минтақа дар гарави ҳамкориҳои чандҷониба аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125758-Сарлашкар_Ризоӣ_Суботи_минтақа_дар_гарави_ҳамкориҳои_чандҷониба_аст
Порс Тудей – Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар дидор бо вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров, бар азми Эрон барои таҳкими ҳамкориҳои стратегӣ миёни Эрон ва Русия таъкид кард.
(last modified 2026-10-20T07:28:53+00:00 )
Октябр 20, 2026 12:21 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Ризоӣ: Суботи минтақа дар гарави ҳамкориҳои чандҷониба аст
    Сарлашкар Ризоӣ: Суботи минтақа дар гарави ҳамкориҳои чандҷониба аст

Порс Тудей – Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар дидор бо вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров, бар азми Эрон барои таҳкими ҳамкориҳои стратегӣ миёни Эрон ва Русия таъкид кард.

Ба гузориши Порс Тудей, Сардор Сарлашкар Муҳсин Ризоӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот намуд. Дар ин дидор, ӯ ба шарикии стратегии миёни ду кишвар ишора карда, таваҷҷуҳро ба ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ, ки ҳадафашон таҳкими субот, таъмини амнияти минтақавӣ ва суръат бахшидан ба рушду пешрафти кишварҳои минтақа аст, ҷалб намуд.

Дар ин мулоқот, Сардор Сарлашка Ризоӣ бар пойбандии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тақвияти ҳамкориҳои стратегӣ бо Русия таъкид варзид.

Ӯ бо истиқбол аз андешаҳо ва иқдомоти Русия барои густариши шаклҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба, қайд кард, ки лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ миёни Эрон ва Русия аз ҷумла такмили долонҳои стратегӣ  ба суботи минтақавӣ мусоидат мекунанд.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба вазъияти нави пас аз ҷанг дар минтақа изҳор дошт, ки пойдорӣ ва устувории амният ва суботи минтақавӣ ба ҳамкориҳои бисёрҷониба дар дохили минтақа вобаста аст.

Вазири корҳои хориҷии Русия низ ба навбати худ, пуштибонии кишварашро аз иқдомот ва манофеи Эрон дар ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ва Шӯрои мудирони Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ (IAEA), таъйид намуд. Ӯ ҳамчунин ҳамлаҳои низомии ғайриқонунии Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон — аз ҷумла бомбаборони иншооти ҳастаиӣ, ки таҳти назорати IAEA қарор доранд  ба шиддат маҳкум кард ва қайд намуд, ки дурнамои ҳамкориҳо миёни Эрон ва Русия васеъ ва ҳамаҷониба аст.