Пизишкиён: Қаҳрамонии гӯштингирон нишонаи иқтидори бузурги варзиши Эрон аст
-
Масъуди Пизишкиён, Президенти Эрон
Порс Тудей – Президенти Эрон дар паёме ба дастаи мунтахаби гӯштини озоди то 23-солаи кишвар ба муносибати қаҳрамонии ифтихорангезашон дар Мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Амрико табрик гуфта, ин дастоварди бузургро нишонаи равшани тавоноӣ, ирода ва шоистагии ҷавонони эронӣ номид.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо Масъуди Пизишкиён, Президенти Эрон, дар паёми табрикотии худ ба дастаи мунтахаби гӯштини озод, ин дастоварди муҳимро намунаи барҷастаи тавоноӣ, қатъият ва салоҳияти ҷавонони эронӣ дар арсаи ҷаҳонӣ тавсиф кард. Ӯ афзуд: "Ин муваффақиятҳои пайдарпай нишон медиҳанд, ки сармояи арзишманди инсонӣ, истеъдодҳои дурахшон ва рӯҳияи паҳлавонии ҷавонони эронӣ дар сурати омезиш бо талошҳои пайгирона, маҳорати мураббиён ва дастгириҳои зарурӣ — метавонанд ба дастовардҳои шукӯҳманд дар сатҳи олии мусобиқаҳои байналмилалӣ оварда расонанд. Қаҳрамонии дастаҳои мунтахаби гӯштини юнонӣ-римӣ ва озод дар ин майдони ҷаҳонӣ далели иқтидори бузурги варзиши Эрон барои ноил шудан ба пирӯзиҳои боз ҳам бузургтар аст."
Муҳаммадбоқир Қолибоф, Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эронниз дар паёме навишт: "Пирӯзии қотеъонаи дастаи мунтахаби гӯштини озоди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон (то 23-солаҳо) дар Амрико, ки бо барафрохта шудани парчами ифтихории Эрон дар баландтарин ҷойгоҳи майдон ҳамроҳ буд,бори дигар номи Эронро дар саросари ҷаҳон садо дод. Ин ҳамчунин нишон медиҳад, ки ин қаҳрамониҳои пайдарпай дар риштаи гӯштӣ тасодуфӣ нестанд; балки онҳо натиҷаи як масири устувор, решадор ва саршор аз ифтихор мебошанд."