Идомаи ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125616-Идомаи_ҳамалоти_ҳавоӣ_ва_тӯпхонаии_режими_саҳюнистӣ_ба_ҷануби_Лубнон
Порс Тудей - Манобеи хабарии лубнонӣ эълом карданд, ҳамалоти тӯпхонаӣ ва ҳавоии режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин иқдомоти вайронгари артиши ишғолгар дар ҷануби Лубнон ҳамчунон идома дорад.
(last modified 2026-09-29T07:47:35+00:00 )
Сентябр 29, 2026 12:46 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон

Порс Тудей - Манобеи хабарии лубнонӣ эълом карданд, ҳамалоти тӯпхонаӣ ва ҳавоии режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин иқдомоти вайронгари артиши ишғолгар дар ҷануби Лубнон ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, режими саҳюнистӣ дар идомаи ҳамла ба Лубнон бо оташи тӯпхона, шаҳраки «Зибқин» воқеъ дар ҷануби Лубнонро гулӯлаборон кард. Ҳамчунин ҷангандаҳои артиши ин режим дар чандин навбат ҷануби Лубнонро бомбаборон карданд, ҷангандаҳои исроилӣ дар як навбат ҳам шаҳраки «Кафартабнит»-ро ҳадафи ҳамлаи ваҳшиёнаи худ қарор доданд.

Ҳамчунин манобеи лубнонӣ эълом карданд, ки ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар як навбат ҳӯмаи шаҳраки «Ҳадосо»-ро бомбаборон карданд.

Ҳамзамон, як ҳамлаи ҳавоии дигар минтақаи воқеъ миёни ду шаҳраки «Ҳадосо» ва «Ҳорис» дар ҷануби Лубнонро ҳадаф қарор дод. Дар ин ҳамла, як манзили маскӯнӣ ҳадаф қарор гирифт, ки дар натиҷаи он хисорату вайронии густардае ба ин сохтумон ворид шуд.

Режими саҳюнистӣ бори дигар аз дувуми март (11 Исфанди 1404) ҳамлаи густардаеро алайҳи Лубнон оғоз кард, ки илова бар шаҳодату захмӣ шудани шуморе аз шаҳрвандони лубнонӣ, беш аз як миллион нафар ҳам овора шудаанд ва ҳамчунон бахшҳое дар ҷануби ин кишвар дар ишғоли ин режим аст.