Артиши Эрон : Қотеъона ба ҳар гуна таҳдиду таҷовуз посух хоҳем дод
Порстудей - Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон шанбе ба муносибати солрӯзи фатҳи Хуррамшаҳр дар баёнияе таъкид кард : То охирин қатраи хун аз ин сарзамин дифо карда ва дар роҳи сарбаландӣ ва иззати Эрони исломӣ аз ҳеҷ талоше фурӯгузор нахоҳем кард(даст нахоҳем кашид).
Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар идомаи ин баёния оварда , зимни гиромидошти ёду хотираи шаҳидони воломақом , табрики солрӯзи фархундаи фатҳи Хуррамшаҳр ба миллати бузурги Эрон , хонаводаҳои муаззами шуҳадоу исоргарон ва таҷдиди паймон бо ормонҳои Имоми роҳил ва шуҳадои гаронқадр , бори дигар бар аҳди худ бо миллати шарифи Эрон таъкид карда ва эълом мекунад то охирин қатраи хун , аз ин сарзамин дифо карда ва дар роҳи сарбаландӣ ва иззати Эрони исломӣ , аз ҳеҷ талоше фурӯгузор нахоҳад кард.