Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Эрон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон
Порстудей - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни сафараш ба Душанбе бо раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.
Сайид Аббоси Ироқчӣ, ки барои машварат бо мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе сафар кардааст, пас аз ворид шуданаш бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардааст. Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор, ки дар Кохи Миллат баргузор шуд, саломи Раҳбари инқилоб ва раиси ҷумҳурии Эронро ба раисҷумҳур ва мардуми Тоҷикистон расонид ва бар азми Ҷумҳурии Исломӣ барои густариши равобит бо Душанбе дар ҳама бахшҳои мавриди алоқаи тарафҳо таъкид кард. Ироқчӣ бо ишора ба риштаҳои амиқи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни ду миллати Эрон ва Тоҷикистон, ба вижа забон, табор, тамаддун, таърих ва фарҳанги муштарак, гуфт: Эрон тасмим гирифтааст, то аз ин муштаракоти арзишманд ва нотакрор ба ҳадди аксар баҳра бигирад, то барои таҳким ва амиқтар шудани равобит ва табодули бештар дар бахшҳои мухталиф истифода кунад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон низ зимни ироаи саломи гарм ба Раҳбари инқилоб ва раиси ҷумҳури Эрон, равобити ду миллатро равобити вижае бар пояи меҳру дӯстии амиқи таърихӣ хонд ва бар зарурати густариши бештари равобити Эрон ва Тоҷикистон таъкид кард.