Вазири дифо : Эрону Покистон дар сатҳи байналмилалӣ пуштибони якдигар ҳастанд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121304
Порстудей - Вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон бо ибрози итминон аз ҳамгаройии Теҳрону Исломобод барои пуштибонӣ аз якдигар дар сатҳи байналмилалӣ гуфт : Фурсатҳову таҳдидоти муштараки лузӯми ҳамкории наздики ду кишварро афзоиш медиҳад .
(last modified 2025-08-03T05:37:19+00:00 )
Август 03, 2025 10:29 Asia/Dushanbe
  • Азиз Насирзода-вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон
    Азиз Насирзода-вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон

Порстудей - Вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон бо ибрози итминон аз ҳамгаройии Теҳрону Исломобод барои пуштибонӣ аз якдигар дар сатҳи байналмилалӣ гуфт : Фурсатҳову таҳдидоти муштараки лузӯми ҳамкории наздики ду кишварро афзоиш медиҳад .

Азиз Насирзода-вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон шанбешаб дар ҳошияи сафари расмии раиси ҷумҳӯри Эрон ба Исломобод бо Хоҷа Муҳаммад Осиф-ҳамтои покистонии худ дидор кард. Вай дар поёни ин ҷаласа дар ҷамъи хабарнигорон ва дар посух ба пурсиши хабарнигори ИРНА гуфт : Хушбахтона ду кишвар мавзеъи бисёр хубе дар сатҳи байналмилалӣ барои ҳимояту пуштибонӣ аз якдигар доранд. Насирзода афзуд : заминаҳои ҳамкорӣ ҳам дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумла фарҳангӣ , торихӣ , иштирокоти динӣ ва ҳам таҳдидоти муштараке, ки ду кишвар бо он рубару аст , фароҳам аст . Ин заминаҳо ба тавсеаи сатҳи равобити байниякдигарӣ мунҷар шудааст.