Тазоҳуроти густарда дар Тел-Авив барои бозгашти асирон
Порстудей - Ҳамзамон бо бунбаст дар музокироти табодули асирон даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони сарзаминҳои ишғолӣ шанбешаб дар маркази Тел-Авив гирдиҳамоӣ карданду хостори тавофуқи табодули асирон бо ҷунбиши Ҳамос шуданд.
Созмони хонаводаҳои асирони исроилӣ дар ин замина гузориш доданд, ки беш аз 60 ҳазор тан дар ин тазоҳурот ширкат карда ва хостори дастёбии фаврӣ ба тавофуқе барои бозгардондани асирони исроилӣ аз навори Ғазза шуданд . Ин таҷаммуъ дар шароите баргузор мешавад, ки давлати режими саҳюнистӣ ҳамчунон аз пазириши шартҳои муқовимат барои оташбас ва табодули асирон баҳонаҷӯӣ мекнад , дар ҳоле ки хонаводаҳои асирони исроилӣ таъкид доранд идомаи ҷанг , ҷони гаравгонҳоро беш аз пеш дар маърази таҳдид қарор додааст.