Созмони Милал: Ҳеҷ макони амне дар Навори Ғазза вуҷуд надорад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i125570-Созмони_Милал_Ҳеҷ_макони_амне_дар_Навори_Ғазза_вуҷуд_надорад
Порс Тудей - Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба ташдиди таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва шаҳодат ё захмӣ шудани кӯдакон ва занон бар асари ин ҳамлаҳо, эълон кард, ҳеҷ маконе дар Ғазза амн нест ва ҳеҷ кас ҳам аз ҳамлаҳои Тел-Авив дар амон нест.
(last modified 2026-09-05T07:33:17+00:00 )
Сентябр 05, 2026 12:29 Asia/Dushanbe
  • Созмони Милал: Ҳеҷ макони амне дар Навори Ғазза вуҷуд надорад
    Созмони Милал: Ҳеҷ макони амне дар Навори Ғазза вуҷуд надорад

Порс Тудей - Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба ташдиди таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва шаҳодат ё захмӣ шудани кӯдакон ва занон бар асари ин ҳамлаҳо, эълон кард, ҳеҷ маконе дар Ғазза амн нест ва ҳеҷ кас ҳам аз ҳамлаҳои Тел-Авив дар амон нест.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, «Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин» дар гузорише эълон кард: Бо вуҷуди гузашти наздик ба як сол аз тавофуқи оташбас, ҳеҷ макони амне дар Навори Ғазза вуҷуд надорад ва ҳеҷ кас дар ин минтақа дар амният нест.

Дар ин гузориш омадааст, ки идомаи иқдомоти Тел-Авив боиси осеби шадид ба ғайринизомиён ва ташдиди ноамнӣ дар Навори Ғазза шудааст.

Бомдоди имрӯз шанбе артиши режими саҳюнистӣ бо оташи тӯпхона, манотиқе аз Навори Ғаззаро тирборон кард. Тамаркузи артиши Исроил дар ин ҳамла, маҳаллаи «Ат-Туффоҳ» дар шарқи Ғазза будааст. Ҳамчунин навҳо ва қоиқҳои ҷангии нерӯи дарёии артиши режими саҳюнистӣ, манотиқи шарқии шаҳри «Хон Юнус»-и воқеъ дар ҷануби Навори Ғаззаро ҳадаф қарор доданд.

Манбаъҳои фаластинӣ эълон карданд, дар асари ин ҳамла, дасти кам 2 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва се нафари дигар захмӣ шуданд.