Пизишкиён : Равобити Эрону Тоҷикистон ба шакли ризоятбахше дар ҳоли иртиқо аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121984-Пизишкиён_Равобити_Эрону_Тоҷикистон_ба_шакли_ризоятбахше_дар_ҳоли_иртиқо_аст
Порстудей - Раиси Ҷумҳури исломии Эрон бо баёни инки равобити Эрону Тоҷикистон бо такя бар иштирокоти забонӣ,торихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба шакли ризоятбахше дар ҳоли иртиқо(афзоиш)аст , гуфт : Ду кишвар зарфиятҳои хубе барои ҳамкорӣ бо якдигар доранд, ки фаъол кардани онҳо боиси таъмини манофеи ду миллат хоҳад шуд.
(last modified 2025-09-16T07:07:06+00:00 )
Сентябр 16, 2025 11:39 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён : Равобити Эрону Тоҷикистон ба шакли ризоятбахше дар ҳоли иртиқо аст

Порстудей - Раиси Ҷумҳури исломии Эрон бо баёни инки равобити Эрону Тоҷикистон бо такя бар иштирокоти забонӣ,торихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба шакли ризоятбахше дар ҳоли иртиқо(афзоиш)аст , гуфт : Ду кишвар зарфиятҳои хубе барои ҳамкорӣ бо якдигар доранд, ки фаъол кардани онҳо боиси таъмини манофеи ду миллат хоҳад шуд.

Ба гузориши ИРНА,Масъуди Пизишкиён- раиси Ҷумҳӯри исломии Эрон асри душанбе дар ҳошияи нишасти изтирории сарони кишварҳои исломӣ ва Иттиҳодияи Араб дар Давҳаи Қатар , дар дидори Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон , зимни ибрози хурсандӣ аз дидор бо вай изҳор дошт : Вақте фосилаи байни мулоқотҳои мо кӯтоҳ мешавад , дидорҳо аз ҷанбаи дипломатии расмии хориҷ шудаву самимияту дӯстӣ бар онҳо ҳоким мешавад, ки ин масъала ба пешбурди ҳамкориҳои байниякдигарӣ кумак мекунад.