Омодагии Покистон барои гуфтугуи созанда бо Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122350-Омодагии_Покистон_барои_гуфтугуи_созанда_бо_Кобул
Порстудей - Вазири дифои Покистон гуфт : Исломобод бо вуҷӯди танишҳои ахир омодаи гуфтугуи ҳадафманд бо давлати Афғонистон аст , аммо Кобул бояд тазмин диҳад, ки хокаш алайҳи Покистон ба кор гирифта нашавад.
(last modified 2025-10-11T08:21:42+00:00 )
Октябр 11, 2025 13:18 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Покистон
    Вазири дифои Покистон

Порстудей - Вазири дифои Покистон гуфт : Исломобод бо вуҷӯди танишҳои ахир омодаи гуфтугуи ҳадафманд бо давлати Афғонистон аст , аммо Кобул бояд тазмин диҳад, ки хокаш алайҳи Покистон ба кор гирифта нашавад.

Хоҷа Осиф-вазири дифои Покистон дар вокуниш ба ташдиди танишҳои амниятӣ бо Афғонистон дар як барномаи телевизиюнӣ тасреҳ кард : Покистон ҳаргиз аз гуфтугу рӯйгардон набуда ва дар шароити ахиру пуртаниш низ омодаи музокироти ҳадафманд бо Кобул дар ростои ҳалли ихтилофот бар сари тероризми фаромарзӣ аст . Вай гуфт : Исломобод дар се соли гузашта низ ҳайатҳои баландпоя ба Кобул равон карда ва дар дидорҳои мухталиф бо мақомҳои афғон нигаронии худ аз паноҳ додани Афғонистон ба аъзои гуруҳи Таҳрики Толибони Покистон ( TTP ) иблоғ кардааст . Хоҷа Осиф афзуд :

Дар ин дидорҳо ҳушдор дода шуд, ки дар сурати идомаи ҳузуру фаъолияти аъзои ин гуруҳи террористӣ дар хоки Афғонистон , Покистон ногузир ба иқдом хоҳад шуд.