Иқомаи намоз бар пайкари мутаҳҳари муҷоҳиди шаҳид Имом Хоманаӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125076-Иқомаи_намоз_бар_пайкари_мутаҳҳари_муҷоҳиди_шаҳид_Имом_Хоманаӣ
Порс Тудей — Оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ бо ҳузури мардуми қадршиноси Эрон дар Мусаллои Имом Хумайнӣ (раҳ.) бар пайкари мутаҳҳари Раҳбари муҷоҳиди шаҳид ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ (қаддасаллоҳу нафсаҳу-з-закия) ва хонаводаи эшон намоз иқома кард.
(last modified 2026-07-05T09:51:15+00:00 )
Июл 05, 2026 14:41 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намоз бар пайкари мутаҳҳари муҷоҳиди шаҳид Имом Хоманаӣ

Порс Тудей — Оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ бо ҳузури мардуми қадршиноси Эрон дар Мусаллои Имом Хумайнӣ (раҳ.) бар пайкари мутаҳҳари Раҳбари муҷоҳиди шаҳид ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ (қаддасаллоҳу нафсаҳу-з-закия) ва хонаводаи эшон намоз иқома кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, намоз бар пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди Инқилоб ва хонаводаи эшон се бор иқома шуд; дар навбати нахуст, намоз бар пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳид, ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ (қаддасаллоҳу нафсаҳу-з-закия) ва дар навбати дувум, намоз бар пайкари шаҳид Сайида Бушро Ҳусайнии Хоманаӣ, шаҳид Мисбоҳ-ул-Ҳудо Боқирӣ ва шаҳид Заҳро Ҳаддоди Одил ва дар навбати савум низ намоз бар пайкари Заҳро Муҳаммадии Гулпайгонӣ, набераи Раҳбари шаҳид, иқома шуд. Оини видоъ бо Оқои шаҳиди Эрон ва хонаводаи эшон, ки дар 9-уми исфанди 1404 (28-уми феврали соли 2026) ва дар ҷараёни ҳамлаи ваҳшиёна ва террористии душмани амрикоӣ-саҳюнистӣ ба файзи рафеи шаҳодат ноил омаданд, аз нахустин соатҳои рӯзи шанбе 13-уми тири 1405 (3-юми июли соли 2026) дар Мусаллои бузурги Имом Хумайнӣ (раҳ)-и Теҳрон оғоз шуд; рӯйдоди бузург ва таърихие, ки бо ҳузури густурда ва пуршӯри миллати фаҳим ва басири Эрони исломӣ, илова бар миъодгоҳе барои охирин видоъ бо Қоиди шаҳиди уммат, таҷдиди мисоқе дубора бо ормонҳои волои имомайни Инқилоб, Ислом, Инқилоб ва шаҳидон ва намоде аз вафодории миллат ба иззат, истиқлол ва муқовимати ин сарзамини илоҳӣ аст.

Маросими видоъ бо пайкари мутаҳҳари Имоми шаҳиди уммат ва шаҳид доктори Мисбоҳ-ул-ҳудо Боқирии Канӣ, шаҳид Сайида Бушро Хоманаӣ, шаҳид Заҳро Ҳаддоди Одил ва шаҳид Заҳро Муҳаммадии Гулпайгонӣ то асри якшанбе дар Мусаллои Имом Хумайнӣ (раҳ) идома хоҳад дошт ва пайкари мутаҳҳари Оқои шаҳиди Эрон ва хонаводаи эшон рӯзи душанбе 15-уми тирмоҳи 1405 (5-уми июли соли 2026) дар пойтахт ташйиъ хоҳад шуд. Маросими ташйиъи пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоб, рӯзи сешанбе 16-уми тири 1405 (6-уми июли соли 2026) дар шаҳри муқаддаси Қум ва рӯзи панҷшанбе 18-уми тирмоҳи 1405 (8-уми июли соли 2026) дар Машҳади муқаддас ташйиъ ва дар ҳарами малкутии Имом Ризо (а) ба хок супурда мешавад. Маросими вижаи видоъ ва ташйиъи пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоб ҳамчунин рӯзи чоршанбе 17-уми тир (7-уми июли соли 2026) дар шаҳрҳои Наҷаф ва Карбало низ баргузор хоҳад шуд.