Нигаронии Аврупо аз тира шудани равобит бо Вашингтон бар сари Гренландия
Порс Тудей - Дипломатҳои аврупоӣ ҳушдор доданд рӯйкарди Доналд Трамп дар қиболи Гренландия метавонад ба ташдиди танишҳо миёни Аврупо ва Амрико ва ҳатто фишор бар Украина мунҷар шавад.
Чанд дипломати аврупоӣ ба Wall Street Journal эълом карданд? ки равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико рӯ ба вахомат гузошта ва беш аз пеш бар манофеи молӣ ва роҳбурдӣ устувор шудааст.
Ба гуфтаи онҳо, нигаронии ҷиддӣ вуҷӯд дорад, ки Доналд Трамп барои водоштани Аврупо ба пазириши хостаҳояш дар бораи Гренландия, аз аҳрумҳоӣ монанди коҳиши ҳимоят аз Украина истифода кунад.
Шабакаи “СНН” низ гузориш дод, Вашингтон дар пайи эъмоли навъе кантроли муштарак бо Дания бар Гренландия аст.
Бо вуҷӯди бархе нишонаҳо аз тамоюл ба мусолиҳа, изҳороти ахири Кохи Сафед ҳокӣ аз омодагии комил барои пайгирии тарҳҳои мавриди назари Трамп дар бораи ин ҷазираи роҳбурдӣ аст.