Канъонии Чофӣ: Кишварҳои исломӣ монеъи инҳирофи азҳони умумӣ аз масаълаи Фаластин шаванд
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, кишварҳои исломӣ масъулият доранд то монеъи истифодаи режими саҳюнистӣ аз фазоҳои сиёсии минтақа барои инҳирофи азҳони умумӣ аз масаълаи Фаластин шаванд.
Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарии ҳафтагӣ дар бораи нооромиҳои ахир дар сарзаминҳои Фаластини ишғолӣ афзуд, нақши ҷомеъаи байналмилалӣ дар ҳимоят аз мардуми Фаластин як зарурат аст. Канъонии Чофӣ бо баёни инки нақши кишварҳои исломӣ низ дар ҳимоят аз миллати Фаластин чӣ ба сӯрати сиёсӣ ва чӣ кумак дар маҷомеъи байналмилалии таъйинкунанда ва ҳоизи аҳамият аст, тасреҳ кард, кишварҳои мусулмон дар масаълаи Фаластин нақши ҷаддитар ва муҳимтаре доранд.
Сухангӯи дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон афзуд, вуҷӯди режими саҳюнистӣ таҳдиде зидди суботу амният минтақа аст ва кишварҳои исломӣ дар муқобила бо идомаи сиёсати ишғолгарии Исроил масъулият доранд.
Вай гуфт, миллати Фаластин дар хатти мақдами мубориза бо режиме буда, ки содиркунандаи терроризм ба кулли кишварҳои минтақа аст ва кумак ба миллати Фаластин ҳимоят аз мазлӯму иқдоме дар ҷиҳати тадбир, дурандешӣ ва ҷилавгирӣ аз иқдомоти террористии режими саҳюнистӣ ва мамониат аз судӯри терроризми созмонёфта дар минтақа аст.