Иди Қурбон - фурсате барои татҳири дилу ҷомеа, намоди раҳоӣ аз вобастагӣ
-
Иди Қурбон - фурсате барои татҳири дилу ҷомеа, намоди раҳоӣ аз вобастагӣ
Порс-Тудей. Ба гуфтаи як пажӯҳишгари ҳавзаи ҳадис, паёми имом Ризо (а) барои рӯзи Қурбон фаротар аз маносики зоҳирӣ аст, ин рӯзи даъвате аст ба бозсозии ахлоқиву иҷтимоии ҷомеа.
Ба гузориши Порс-Тудей, ҳуҷҷатулислом Ҷаводи Афшорӣ, пажӯҳишгари ҳавзаи ҳадис ва устоди донишгоҳи эронӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории “Меҳр”, бо ишора ба абъоди ахлоқиву иҷтимоии иди Қурбон дар омӯзаҳои имом Ризо (а) гуфт: Дар суханони имом, иди Қурбон рӯзи татҳир (пок шудан) аст. Имом Ризо (а) мефармоянд: “Рӯзе ки бояд дилҳоро аз ктна, ҳасаду душманӣ пок кард ва бо гузашту бахшиш, ҷомеаро ба сӯи ҳамдиливу ваҳдат савқ дод”.
Вай афзуд: Имом Ризо (а) дар сираи амалии худ низ ин омӯзаҳоро нишон медоданд. Нақл аст, ки эшон дар рӯзи иди Қурбон беҳтарин либосҳои худро мепӯшиданд, бо мардум хушрӯӣ мекарданду бахши зиёде аз гӯшти қурбониро ба фуқарову ятимон ихтисос медоданд. Эшон мефармуданд: “Садақа дар ин рӯз аз ҳар рӯзи дигаре бартар аст”.
Афшорӣ таъкид кард, агар имрӯз ҷомеаи мо бо мушкилоти ахлоқиву шикофҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯст, бозгашт ба омӯзаҳои Разавӣ дар бораи иди Қурбон метавонад гиреҳкушо бошад. Иди Қурбон рӯзе аст барои бозсозии равобити инсонӣ, зудудани кинаҳову тамрини бахшишу эсор.
Қурбонӣ - намоди раҳоӣ аз вобастагиҳо
Маҳбуба Саффорӣ, устоди ҳавзаи таърихи Ислом низ дар гуфтугӯ бо ин хабаргузорӣ, бо рӯйкарде таърихӣ ба фалсафаи қурбонӣ аз манзари имом Ризо (а) пардохту изҳор дошт: Иди Қурбон ёдовари бузургтарин имтиҳони инсонӣ аст. Озмуне ки ҳазрати Иброҳим (а) бо муваффақият пушти сар гузошту фарзанди хешро дар масири фармони илоҳӣ омодаи қурбонӣ шудан кард. Имом Ризо (а) бо бозхонии ин воқеа, бар раҳоии инсон аз вобастагиҳои моддиву отифӣ таъкид мекунанд.
Устоди ҳавзаи таърихи Ислом гуфт: Дар манобеи таърихиву ривоӣ омадааст, ки имом Ризо (а) қурбониро тамрини бандагиву таслими мутлақ дар баробари иродаи Худованд медонистанд. Эшон бар ин бовар буданд, ки бузургтарин монеъ дар роҳи камолу саодати инсон, вобастагиҳои дунявӣ аст. Иди Қурбон фурсате барои буридан аз ин вобастагиҳо ва озмудани мизони имону ихлоси инсон аст.
Вай афзуд: Имом Ризо (а) дар ривояте мефармоянд: “Бар Шумост, ки қурбонӣ кунед, чаро ки ин суннати Иброҳиму паёмбари Ислом (с) ва нишонаи таслим дар баробари Худованд аст”. Ин сухани имом нишон медиҳад, ки фалсафаи иди Қурбон танҳо дар забҳи ҳайвон хулоса намешавад, балки дар омодагӣ барои фидокорӣ, таслиму ихлос наҳуфтааст.
Саффорӣ хотирнишон кард, имом Ризо (а) бар пайванди миёни иди Қурбон ва полоиши дилҳо таъкиди вижа доштанд. Эшон мефармуданд, ки муъмин бояд бо ҳар қурбонӣ бахше аз тааллуқоти дунявӣ ва худхоҳиҳояшро низ қурбонӣ кунаду дилро барои пазириши нури илоҳӣ омода созад.
Имом Ризо (а) ба шогирдони худ тавсия мекарданд, ки дар ин рӯз на танҳо барои худ, балки барои дигарон низ дуо кунанд ва аз Худованд талаби хайру баракат барои ҳамаи бандагон намоянд.
Вай гуфт: Имом Ризо (а) дар иди Қурбон пайравони худро ба ҳузури фаъол дар канори ниёзмандон, ҳимоят аз ятимон ва дилҷӯӣ аз дилшикастагон даъват мекарданд ва таъкид доштанд, ки қурбонӣ бидуни тавваҷуҳ ба масоили иҷтимоиву инсонӣ, аз маънову асаргузорӣ фосила мегирад.
Саффорӣ афзуд: Агар ҷомеа имрӯз битавонад паёмҳои чпндлояи иди Қурбон дар нигоҳи имом Ризо (а)-ро эҳё кунад, метавон умедвор буд, ки бисёре аз буҳронҳои ахлоқӣ, фардгароии ифротӣ ва шикофҳои иҷтимоӣ бартараф шаваду маънавияту ҳамдилӣ ҷойгузини он гардад.