Қароргоҳи Хотам: Аз хоки Иморот иқдоме шавад, посухи кӯбанда медиҳем  
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124770-Қароргоҳи_Хотам_Аз_хоки_Иморот_иқдоме_шавад_посухи_кӯбанда_медиҳем
Порс-Тудей. Сухангӯи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор дод: Агар аз хоки Иморот иқдоме алайҳи ҷазираҳои эронӣ, бандарҳо ва соҳилҳои кишвари мо сурат гирад, посухи кӯбанда ва пушаймонкунанда хоҳем дод.  
(last modified 2026-05-06T06:21:51+00:00 )
Май 06, 2026 11:14 Asia/Dushanbe
  • Сарҳанги дувуми посдор Иброҳими Зулфиқорӣ, сухангӯи Қароргоҳи марказии ҳазрати Хотамуланбиё (с)  
    Сарҳанги дувуми посдор Иброҳими Зулфиқорӣ, сухангӯи Қароргоҳи марказии ҳазрати Хотамуланбиё (с)  

Порс-Тудей. Сухангӯи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор дод: Агар аз хоки Иморот иқдоме алайҳи ҷазираҳои эронӣ, бандарҳо ва соҳилҳои кишвари мо сурат гирад, посухи кӯбанда ва пушаймонкунанда хоҳем дод.  

Ба гузориши Порс-Тудей, сарҳанги дувуми посдор Иброҳими Зулфиқорӣ, сухангӯи Қароргоҳи марказии ҳазрати Хотамуланбиё (с) гуфт: Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рӯзҳои гузашта ҳеҷ гуна амалиёти мушакӣ ва парвозии бесарнишин алайҳи кишвари Иморот анҷом надодаанд ва агар иқдоме сурат мегирифт, бо қотеият ва сареҳ онро эълон мекардем. Аз ин рӯ гузориши Вазорати дифои он кишвар комилан такзиб мешавад ва аз ҳар гуна сиҳат холӣ аст.  
Ӯ афзуд: Ба масъулон ва давлатмардони Иморот эълом мегардад, кишвари Шумо набояд ҳамчун як сарзамини исломӣ, лонаи амрикоиҳо ва саҳюнистон ва нерӯву таҷҳизоти низомии онҳо қарор гирад ва ба ҷаҳони Ислом ва мусалмонон хиёнат кунад. Шумо набояд дар дом ва тӯдаи амрикоиҳо ва саҳюнистон худро гирифтор созед ва ба ҷойи муқобила бо кофирон ва мушрикон ва адами ҳар гуна ҳамкорӣ бо онҳо миллати мусалмони Эронро мавриди ҳамлаи расонаии ноҷавонмардона, тӯҳматҳои нодуруст ва ҷавсозӣ қарор диҳед.  
Сарҳанг Зулфиқорӣ гуфт: Бо камоли таассуф бояд гуфт, кишвари Иморот имрӯз ба яке аз пойгоҳҳои асосии амрикоӣ ва саҳюнистӣ ҳамчун душманони ҷаҳони Ислом ва омилони асосии ноамнӣ дар минтақа табдил гардидааст ва маҳалли истиқрори бахши бузурге аз нерӯ ва таҷҳизоти низомии онҳо шудааст.  
Ӯ таъкид кард: Ҳушдор медиҳем, агар аз хоки Иморот иқдоме алайҳи ҷазираҳои эронӣ, бандарҳо ва соҳилҳои кишвари мо сурат гирад, посухи кӯбанда ва пушаймонкунанда хоҳем дод.