Қолибоф: Аз ҳуқуқи миллати Эрон намегузарем
-
Генерал Осим Мунир дар ҳузури Муҳаммадбоқири Қолибоф
Порс-Тудей. Фармондеҳи артиши Покистон имрӯз шанбе дар Теҳрон бо раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон мулоқот кард ва дар бораи охирин вазъияти музокироти поёни ҷанги таҳмилӣ гуфтугӯ намуд.
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадбоқири Қалибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар мулоқот бо генерал Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон бо қадрдонӣ аз кӯмакҳо ва иқдомоти миллат ва давлати Покистон дар давраҳои мухталиф, аз ҷумла дар ҷараёни ҷанги таҳмилӣ ва музокироти пас аз он, ин ҳамкориро намунае аз ҳамкории хуб миёни миллатҳо ва давлатҳои исломӣ унвон кард, ки метавонад барои дигар кишварҳои исломӣ намуна бошад.
Қалибоф бо ишора ба талошҳои ҷиддии Покистон дар гуфтугӯҳо бо давлати Амрико изҳор дошт: Мо аз ҳуқуқи миллати Эрон намегузарем, махсусан бо тарафе, ки умуман содиқ нест ва эътимоде ба ӯ вуҷуд надорад. Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамон тавр ки бо шуҷоат ва иқтидор дар майдони набард аз киёни Эрон дифоъ кард, дар арсаи дипломатия низ бо ҳушмандӣ ва қудрат барои ҳифзи ҳуқуқи ҳақиқии Эрон ва таъмини манофеи миллӣ кӯшиш хоҳад кард.
Раиси Маҷлиси Эрон хитоб ба фармондеҳи артиши Покистон гуфт: Низомиён бештар аз дигарон ва беҳтар аз ҳама арзиши сулҳро медонанд, аммо ҳамон низомиён ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳанд, ки иззат ва ҳуқуқи Эрон поймол шавад.
Қалибоф бо ишора ба ҷиноятҳои мутааддиди Амрико ва хисоротҳои ҷанг, осебҳои маънавии онро ҷуброннопазир донист ва изҳор дошт: Мо дар ҳоли музокира будем, ки Амрико ҷангро оғоз кард ва ҳоло мегӯяд барои поёнаш музокира кунем. Мо дар оташбасе будем, ки шумо миёнарави он будед ва Амрико бо нақзи аҳд муҳосираи дарёӣ кард ва ҳоло дар пайи бардоштани он аст!
Раиси Маҷлиси Эрон дар поён таъкид кард: Неруҳои мусаллаҳи мо дар даврони оташбас ба гунае худро бозсозӣ кардаанд, ки дар сурати аҳмақии Трамп ва оғози дубораи ҷанг, ҳатман барои Амрико кӯбандаву талхтар аз рӯзи аввали ҷанг хоҳад буд.