Паёми сареҳи Қолибоф дар бораи музокирот бо Амрико
-
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон
Порс Тудей — Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва раиси ҳайати музокиракунандаи Эрон дар паёме дар фазои маҷозӣ навишт: «Мо имтиёзҳоро на бо гуфтугӯ, балки бо мушакҳо мегирем, дар музокира фақат онҳоро тафҳим мекунем».
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи X дар паёме мавзеи сареҳи Эронро дар хусуси музокира бо Амрико эълом кард ва навишт: «Мо имтиёзҳоро на бо гуфтугӯ, балки бо мушакҳо мегирем, дар музокира фақат онҳоро тафҳим мекунем».
Раиси ҳайати музокиракунандаи Эрон дар банди дуюми ин паём афзуд: «Эътимоде ба тазминҳо ва ҳарфҳо надорем, фақат рафторҳо меъёр аст. Ҳеҷ иқдоме пеш аз иқдоми тарафи муқобил анҷом нахоҳад шуд».
Қолибоф дар банди сеюми ин паём хотирнишон кард: «Пирӯзи ҳар тавофуқе касест, ки аз фардои он, беҳтар барои ҷанг омода шавад».