Козимии Қумӣ: Буҳрони Афғонистон бо пуштибонии СММ қобили ҳал аст
Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умӯри Афғонистон дар дидор бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, буҳрони Афғонистон фақат аз тариқи минтақа ва бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид қобили ҳал аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умӯри Афғонистон дар ҳошияи нишасти Давҳа ва дар дидор бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бар нақши созандаи ин ниҳоди байналмилалӣ дар ҳалли буҳрони Афғонистон ва ҳамчунин ҳифзи истиқлоли ин созмон дар тасмимҳо ва барномаҳо таъкид кард. Гутерриш ҳам аз талоши саховатмандонаи Эрон дар заминаи муҳоҷирони афғонистонии муқими Эрон қадрдонӣ кард. Козимии Қумӣ пеш аз ин ҳам дар паёме бо ишора ба баргузории нишасти Давҳа дар бораи Афғонистон навишт, буҳрони Афғонистон, роҳи ҳалли минтақаӣ дорад. Нишасти ду рӯзаи Давҳа дар бораи Афғонистон бо ҳузури Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳиду намояндагони вижаи 21 кишвар ва 2 созмони байналмилалӣ дирӯз (сешанбе) ба кори худ поён дод.