Декабр 21, 2016 19:23 Asia/Dushanbe
  • Оғози сафари давраии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба минтақа

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон даври ҷадиди сафарҳои минтақаии худро субҳи имрӯз, чаҳоршанбе, 21 декабр бо сафар ба Арманистон оғоз кард.

Ҳадаф аз ин сафари давраӣ тақвияти муносибот ва густариши ҳамкориҳои Теҳрон бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа аст. Рӯҳонӣ пеш аз сафар ба Арманистон дар ҷамъи хабарнигорон дар Теҳрон эълом кард, Эрон дар пайи афзоиши ҳаҷми муносиботи иқтисодӣ бо се кишвари ҳавзаи Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, шомили Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аст. Музокираи ҳайатҳои олиртбаи ду кишвар имзои чанд санади ҳамкорӣ миёни мақомҳои Эрону Арманистон ва баргузории ҳамоиши бозаргонони ду кишвар аз ҷумлаи барномаҳои сафари ҷории Ҳасани Рӯҳонӣ ба Арманистон эълом шудааст.

Густариши равобити Эрон ва кишварҳои ҳавзаи Қафқоз аз аҳамияти бисёр зиёде барои рушди муносибатҳои ду ва чандҷониба бо кишварҳои минтақа бархурдор аст. Аз ин рӯ, рушди муносибатҳои баробари Теҳрон бо ҳамсоягон ва кишварҳое, ки аз лиҳози иқтисодию амнияти миллӣ аҳамияти фавқулоддае доранд, дар дастури кори сиёсати хориҷии Теҳрон қарор дорад. Бар ҳамин асос тайи наздик ба чаҳор даҳаи гузашта Теҳрон густариши робита бо кишварҳои ҳамсояро аз ҷумлаи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кардааст.

Робитаи Эрон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Арманистон низ тайи чанд соли гузашта раванди мусбате доштааст. Дар ҳоли ҳозир Эрону Арманистон дар бахшҳои энержӣ, сармоягузорӣ, умури кишоварзӣ ва чорводорӣ бо якдигар ҳамкорӣ доранд. Эҳдоси нерӯгоҳи барқӣ дар Арманистон, эҳдоси хати лӯлаи интиқоли гази Эрон ба Арманистон ва эҳдоси роҳҳоро дар Арманистон бояд аз ҷумлаи намунаҳои сармоягузории Эрон дар ин кишвар эълом кард. Ин сармоягузориҳо нишондиҳандаи хоҳиши Теҳрон ба густариши робита бо кишварҳои ҳамсоя, бавижа Арманистон аст. Вале бо вуҷуди сармоягузориҳои қобили таваҷҷуҳи Эрон дар Арманистон тиҷорати ду кишвар бисёр заиф аст ва дар сатҳи бисёр паст қарор дорад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи чанд соли гузашта пешниҳоди сармоягузорӣ ва фаъолият дар киштзору заминҳои барои чорво пешбинишудаи Арманистонро матраҳ карда, мунтазири посухи Арманистон аст. Ҳузури Эрон дар заминҳои Арманистон метавонад бисёре аз мушкилоти мардуми ин кишвар, бавижа бекориро ҳаллу фасл кунад. Ҳол он ки ба далели мушкилоти иқтисодию маишӣ бахши зиёде аз ҷамъияти Арманистон ба Русия, Аврупо, Амрико ва кишварҳои ҳамсоя муҳоҷират кардаанд. Дар ин шароит ҳузури Эрон дар Арманистон дар робита ба офаридани ҷойи кор метавонад барои тақвияти иқтисоди ин кишвари ҳавзаи Қафқози Ҷанубӣ дорои аҳамият бошад. Бадеҳист, ки ба иҷро даровардани асноду тавофуқномаҳои ҳамкории Эрону Арманистон имкони таҳаввули амиқ дар муносиботи мутақобилро фароҳам хоҳад кард. Ҷудо аз ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар ҳавзаи чолишу муноқишоти минтақаӣ, бахусус дар робита ба муноқишаи Арманистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон Теҳрон ҳамвора барои кӯмак ба поён додан ба ин муноқишаи арзӣ эъломи омодагӣ кардааст. Воқеият он аст, ки бархурдорӣ аз робитаи дӯстона ва наздик бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон имкони мушорикати Эрон барои поён додан ба муноқишаи Қарабоғро фароҳам месозад. Чунон ки пеш аз ин низ Эрон дар ин замина гомҳое бардоштааст. Эрон тайи солҳои ахир равобити наздике бо ин се кишвари ҳавзаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ барқарор кардааст.

Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ, ки дар барномаи идомаи ин сафар қарор доранд, бахше аз коридори Эрон барои васл шудан ба Ғарб, Шарқ ва Шимол ҳастанд. Бадеҳист, ки дар сурати баҳрабардорӣ аз ин масири иртиботӣ кишварҳои воқеъ дар тӯли ин масир ба далели ҳамкорӣ бо Эрон аз рушди чашмгире дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бархурдор хоҳанд шуд. Густариши муносиботи тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар чорчӯби тавонмандиҳои Эрон ва кишварҳои минтақа сабаби тақвияти ҳамгироиҳои минтақаӣ низ хоҳад шуд. Ин ҳамгироӣ пешниёзи тақвият ва амнияти дастаҷамъӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муштарак дар минтақа аст.