Таҳлил: Азми Эрон бар таъмини ҳаққобаи рудхонаи Ҳирманд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳокимони Афғонистон ихтор дод, ки ҳаққобаи мардуми Систон ва Балучистонро ба фаврият лиҳоз кунанд.
Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи панҷшанбе дар ҳошияи ифтитоҳи тарҳҳои саъати об ва барқи Систон ва Балучистон бо ишора ба вазъияти Ҳирманд хитоб ба ҳокимони Афғонистон гуфт: Агар коршиносони мо камбуди обро тайид кунанд ҳарфи надорем вагарна иҷоза нахоҳем дод ҳақи мардуми мо поймол шавад сухани манро ҷидди бигиред то баъдан гилоя накунед.
Ҳаққобаи рудхонаи Ҳирманд дар солҳои ахир ҳамвора яке аз муҳимтарин чолишҳои миёни Эрон ва ҳукуматҳои мусатақар дар Афғонистон буда аст бо вуҷуди он ки тарафи эронӣ дар ҳар дидор ва тамоси бо сарони Афғонистон дар ҳукуматҳои мухталиф бар зарурияти риъояти ҳаққобаи Эрон аз руди Ҳирманд таъкид кард аммо ба ҷуръат метавон гуфт ҳамвора аз суи тарафи афғон нодида гирифта шуд ва ин масъала то кунун лоянҳал боқи монда аст.
Суханони раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ҳоли баён шуд, ки рузи гузашта Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар тамоси телефони бо Амирхони Муттақи сарпарасти Вазорати хориҷаи давлати мувақати Афғонистон таъкид кард раҳосозии об аз суи Афғонистон ва таъмини ҳаққобаи Эрон ба сурати амали мутолебаи ҷиддии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва ин амр дар муносиботи байни ду кишвар таъсир дорад.
Воқеъият ин аст, ки адами таъмини ҳаққобаи Эрон ва хушксолии ноши аз он мушкилоти бисёри барои мардуми Систон ва Балучистони Эрон ба вуҷуд оварда аст ва бар ҳамин асос Эрон хоҳони иҷрои дақиқ ва комили бандҳои пешбинишуда дар муъоҳидаи 1351 пайромуни оби Ҳирманд аз ҷумла имкони боздиди як кумитаи фаннии муштарак миёни ду кишвар аз вазъияти оби мавҷуд дар тарафи Афғонистон аст.
Бар асоси муъоҳидаи 1351 шамсӣ Афғонистон нисбат ба таъмини ҳаққобаи Эрон, ки муъодили 820 миллион метри мукааб дар сол аст мутаъаҳид шуда аст ин қарордод наздик ба се даҳҳа камобеш иҷро мешуд, аммо аз охирҳои даҳҳаи 70 ки боздорандагиҳои коҳиш ва хушксолиҳо афзоиш ёфт мизони оби вуруди аз рудхонаи Ҳирманд ба дарёчаи Ҳомун низ ба тадриҷ камтар шуд.
Дар тули ду даҳҳаи гузашта низ бо таваҷҷуҳ ба тағироти сиёсӣ руй дода дар Афғонистон ва ҳузур ва нуфузи ишӯғолгарони ғарби дар он Афғонистон зимни пешгири аз раҳосозии комили ҳаққобаи рудхонаи Ҳирманд бо сохти садҳо ва бандоҳи мухталиф бар руйи ин рудхона ва сарчашмаҳои он дар дохили Афғонистон талош бар коҳиши ҳарчи бештари ҳаққобаи ин рудхона дошта аст.
Акнун Толибон ба унвони гуруҳи ҳоким дар Афғонистон мутаъҳид ба амалиёти кардани муъоҳидаи Ҳирманд ва пардохти ҳаққобаи Эрон ба асоси ин муъоҳида аст мақомоти Толибон ҳамчунин ваъда дода буданд, ки даричаҳои сади Камолхонро ба суи Ҳирманд боз кунанд ва ишколоти фаннии ин садро бо ҳадафи масдуд кардани масири инҳирофи об рафъ кунанд аммо дар амал Толибон ба ин ваъдаҳо ва таъаҳудот ба таври комил амал накарданд.
Ин дар ҳоли аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора барои барқарории сулҳ дар Афғонистон ва рафъи мушкилоти мардуми ин кишвар аз ҳеҷ кумаки дареғ накарда ва дар беш аз чиҳил соли гузашта мизбони миллионҳо муҳоҷири афғонӣ буда аст акнун низ дастикам 5 миллион нафари аз онҳо дар Эрон ба сар мебаранд ва аз имконоти мавҷуд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун шаҳрвандони эронӣ баҳраманд ҳастанд.
Бадеҳи аст ҳушдори раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳокимони Афғонистон нишон медиҳад, ки давлати Эрон барои таҳақуқи ҳақи мардуми Систон ва Балучистон аз ҳаққобаи руди Ҳирманд мусамам аст ва идомаи беамалии ҳокимони Афғонистон дар таъмини хостаи Эрон метавонад ба мавзуъи барои ташдиди ихтилофти ду кившари ҳамсоя табдил шавад.